ҲНИ – САРЧАШМАИ ПАЙДОИШИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ  ДАР  ТОҶИКИСТОН        

Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломиро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда ба мардум ҳушдор дода истодаанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то баста шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан ба мисли донаи гандум саҳме нагузоштааст, ки инро вақт ҳамчун ҳаками бузург собит кард.

Ба фаъолияти ин ташкилоти террористӣ агар назар афканем мушоҳида мешавад, ки касе ба ин ташкилоти ифротгароёна шомил шуд, тақдири ояндааш сӯхт. Яъне ё паси панҷара рафт ва ё бехонаву дар шуд, ё аз зану фарзандонаш ҷудо шуд, ё зану фарзандонашро бо дасти худ ваҳшиёна ба қатл расонид ва ё дур аз Ватан ба ёди ёру диёр ҳамчун саги дайду умр ба сар бурда истодааст.

Аз фаъолияти ин ташкилот маълум аст, ки касе ки аз ин ташкилот ҷонибдорӣ кард аз доираи одамигарӣ берун шуд ва дар забон номи поки Худо даст ба амалҳои бешарафонаву разилона ба мисли одамкушиву террористӣ, қатлу куштор, фаҳшу зино ва амалҳои разилона даст зад, ки боиси нафрати тамоми мусалмонон гардид. Дар ҳақиқат имрӯз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, аъзову пайравони он ҳатто оддитарин меҳру шафқат ва арзишҳои инсониро поймол карда, бо истифода аз номи дини мубини ислом бар зидди дин ҷанг эълон кардаанд. Ин нохалафон боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд. Моро зарур аст, ки аз ин бешарафони бадтинати намакзада дурӣ ҷуста нагузорем, ки фазои ороми муқаддаси Ватанамонро дубора ғуборолуд кунанд.

Хушбахтона имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳо барои зиндагии сокинони кишвар ва озодии эътиқоду пайравӣ ба дин фароҳам оварда шуда, ҳатто дар кишвар ба фаъолияти ҳизби исломӣ ба мисли ҳизби наҳзат иҷозат дода шуда буд. Маҳз бо мақсади таҳкими сулҳу субот ва танинанзодии ваҳдати миллӣ нафароне, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дасташон то оринҷ оғӯштаи хун буд ва барои парокандагии миллат мусоидат карданд, давлат онҳоро бахшид ва имтиёзҳо дод.

Дар баробари ин маҳз ба хотири гиромидошти дини мубини ислом ва поку беолоиш нигоҳ доштани он аз ҳар гуна омезишҳои тафриқагароёна, дар мамлакат иқдомҳои наҷиб рӯи кор гирифта шуда, дарҳои масҷидҳо ба рӯи шаҳрвандон кушода шуд, имкониятҳо барои сафари шаҳрвандон ба ҳаҷҷи фарзиву умра, тарҷумаи Қуръони карим бо забони тоҷикӣ ва тақсими ройгони он, тарҷумаи бисёр китобҳои мазҳабӣ ва дигар осори милливу фарҳангии миллати тоҷик, таъсиси Донишкадаи исломӣ, бузургдошти хотираи неки пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам ва амсоли инҳо ба роҳ монда шуд, ки сазовори ҳамагуна шукргузориҳост.

Албатта мардуме, ки аз ин неъматҳо шукргузорӣ намуда, барои ҳифзи ин арзишҳо заҳмату талош намуданд ба рӯзии фаровон ва рӯзгори хуш шарафёб гардиданд. Аммо боз дар ин замина нафароне мисли аъзову пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ пайдо шуданд, ки ин ҳама пешрафту шукуфоиро дида натавониста, байни мардум фитнаандозӣ намуда, хостори барангехтани кинаву низоъҳо дар дохили кишвар гардиданд.

Ҳатто аз дастгириҳои пайдарпайи давлатӣ дар соҳаи дин наҳзатиҳо дидан нахоста, боз амалҳои разилонаи хешро идома бахшиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзатиҳо ҷонибдори поку беолоиш нигоҳ доштани дини мубини ислом набуданд, балки онҳо хостори дар доираи арзишҳои дини мубини ислом амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки худ ҳастанд. Чун соли 1993 бинобар даст доштани наҳзатиён дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти ин ҳизб дар кишвар мамнуъ гардид, соли 1999 бо мақсади таҳкими сулҳу субот бо андешаи он, ки инбор “наҳзатиён хонаи худро оташ нахоҳанд зад” фаъолияти ҳизб дар кишвар дубора иҷозат дода шуд.

Наҳзатиён, ки худро ҳомии дин ва пуштибони он меҳисобиданд мебоист аз рӯи фармудаҳои Худову Расул амал карда, фаъолияти хешро дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар ба роҳ мемонданд. Фармудае ҳаст, ки ҳангоме ки ба неъмате даст ёфтӣ бо шукргузорӣ онро пойдор кун, чаро ки неъмат бо шукр пойдор ва ба он баракат дода мешавад, вагарна аз даст хоҳад рафт ва он чӣ аз даст рафт боз намегардад.

Дар натиҷа бо дархости зиёди сокинони кишвар ва ҳатто аъзову пайравони ҳизб соли 2015 ҳизби наҳзат ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстемистӣ эътироф карда шуда, фаъолияташ расман дар Тоҷикистон манъ карда шуд.

Тавре ишора намудем, шукри неъмат ғизои руҳи инсон ва акси он заволи неъмат асту пушаймонӣ. Дар ин маврид Худованди меҳрубон дар сураи Иброҳим мефармояд: “Ва он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам ва агар носипосӣ кунед, ҳароина азоби ман сахт аст”. Носипосии неъмат буд, ки наҳзат ба рӯзи сахт гирифтор шуда аз кафи Тоҷикистон берун шуд ва имрӯз аъзову пайравонаш шуруъ аз роҳбари террористаш Кабирӣ дар назди хоҷагонашон шармандаву ғуломвор умр ба сар бурда истодаанд, ки аз ин дида рӯзи сиёҳ нест.

Миллати сарбаланди тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободониву шукуфоӣ ва пешрафти Ватани маҳбуб шабу рӯз саъю талош доранд. Мо Ватанамонро дӯст медорем ва баҳри пойдории Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, ки неъматҳои бебаҳоянд ва ҳифзи марзу буми ин сарзамини биҳиштосо Тоҷикистон ҳамеша омода ҳастем.

Вобаста ба гиромидошти арзишҳои олии дини мубини ислом, ки дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст, бояд ҳар як фард саҳмгузор бошад. Моро зарур аст, ки дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳо ва роҳнамоиву пуштибониҳои Сарвари давлат амал намуда, барои рушди босуботи Тоҷикистони маҳбуб саҳмгузор бошем

 

ҲНИТ аз оғози ташкилёбии худ бо мақсади ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекард. Яке аз мақсадҳои асосии ин ҳизб, пеш аз ҳама, сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ба сари қудрат омадан буд. ҲНИТ аз замони таъсис ва пайдошавиаш дар саҳна ва фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷӯ, тақрибкор, ниқорталаб, фитнаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошону вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо «шӯхрат» пайдо намуд.
ҲНИТ аз замоне, ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд, ба ҷузъ ташкили намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зӯроварӣ дигар кори хайру савобе накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чӣ овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромӯш намуда, худро мусичаи бегуноҳ, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву» «оҷиз» мешуморанд.
Солҳои тӯлонӣ сарварони ҲНИТ ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон таассубро талқин мекарданд, барои «ҷиҳоду шаҳодат» кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гӯё барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристоданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гурӯҳу ташкилотҳои террористии Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон мебошанд.
ҲНИТ хизби ноком, ки худро зери ниқоби дини мубини ислом гирифта, бо сӯистифода аз номи Худованд мехоҳад ба ҳокимият ноил гардад, аммо дар таҷриба исбот гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон аксарият мусулмон буда, ба ин ҳизб ниёз надорад ва мардум дигар ба ваъдаю дасисаҳои он бовар надоранд. Кирдорҳои зишту нопок ва ғайри қонунии баъзе аз аъзоёни ҲНИТ ҳамаро дилмонда кардааст. Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки масъулини ташкилоти терористии ҲНИТ аз ҳар гуна амали душманона нисбат ба ватану миллати худ даст кашида, пайравонашонро низ ба чунин рафтор ҳидоят намоянд.
То ҳанӯз, ҲНИТ ва аъзоёни ӯ баҳсу мунозираҳо, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд, ки ба ҷойи ин бо корҳои хайр, корҳои амалӣ ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои нав барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуданд. Онҳо истифода аз афкори фалсафӣ, ахлоқӣ, динии донишмандони тоҷику форс сатҳи маърифати дунявӣ ва динии тамоми табақаҳои ҷомеа бо роҳи ташкил намудани мактабҳои доимоамалкунанда дар маҳалҳои зист, тайёр намудани кадрҳои ҳаматарафа саводноки ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ ба хотири тарбияи дурусти ҷавонон ва ташкили муколама байни (диншиносон ва илоҳиятшиносон) ҳиссагузор ва фаъол шаванд, хуб мешуд.

 

Муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ 

Баротов  Ф.М.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *