ҲНИ  сарчашмаи пайдоиши экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон

Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд.

Аз ин ҷост ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995  миллати тоҷик дар марзҳои Авғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази курбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи рохбарии худро дошта бошанд. Аз ин ҷост ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст, фаъолиятҳои зиедаравии динӣ ғарбарошуда корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интиқол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террористии ДИИШ дар либоси сиеҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда хайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст.

Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ катъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем. Дар шароити ҳозира маркази исломшиносӣ дар назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун маркази илмии таҳлилӣ бо масъулияти калон ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро иҷро карда истодааст.

 

Ассистенти кафедраи менеҷмент Ниезов Ҷ.С

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *