Ниқоби терроризм ва экстремизми муосир

Дар шароити кунуни, ки буҳронҳои иҷтимою иқтисодӣ ва муносибатҳои байни мамлакатҳои ҷаҳон рӯз то рӯз сарду тунг гашта истодааст, боиси ба миён омадани падидаҳои номатлуби замон ба амсоли сандҳои террористӣ, экстремистӣ ва дигарон гардидааст. Дар ин шароит нигаҳдории сулҳу субот, ваҳдат ва якпорчагии кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо вазифаи муқаддаси Ҳукумати кишвар ва ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқи он ҳисобида мешавад.

Терроризм ва экстремизм амалҳои номатлуб ва хиёнад коронае мебошанд, ки дар тӯли таърихи инсоният дар паҳлуҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти ғаразнокии худро пиёда сохта, бо иҷрои супоришоти фармоишгарони сиёсӣ ва гурӯҳҳои алоҳида ба тарсонидан ва куштори чеҳраҳои намоёни замони хеш равона карда шудааст. Дар замони муосир он хусусияти гурӯҳиро ба худ касб намуди ин қабили амалҳо асосан тавассути зӯроварии гурӯҳҳо ва ҳизбҳои манфиатҷӯ муқобили давлату миллатҳо – ҳамчун субъекти сиёсӣ, баромад намуда, аз дигар тараф, хатари таҳдиду зӯроварии худро нисбати аҳолии осоиштаи кишварҳо ба амал мебароранд.

Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ вазъият дар баъзе манотиқи мамлакатҳои мусалмоннишин ба таври куллӣ тағйир ёфта, ҷангу хунрезиҳо мушоҳида карда мешавад ва ба ҳамагон маълум аст, ки ин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷоми аъмоли ваҳшиёнаи хеш ба мазҳабу дин такя мекунанд, вале куштору ғоратгарӣ, ваҳшоният, хунрезӣ, одамрабоӣ ва хатарэҷодкунӣ нисбати аҳолии осоишта бо арзишҳои динӣ, бавижа дини мубини Ислом алоқамандие надоранд.

Дар таблиғи ақидаҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷомеаи осоишта, алалхусус, ҷавонон таблиғ ва интишор менамоянд.

Терроризм ва экстремизми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд, низ ҷалб карда шуда истодаанд, зеро терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст.

Бинобар он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон аз аксар минбарҳои баланди байналмилалӣ ва инчунин Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, аз дину мазҳаб, ватан ва миллат надоштани он таъкид намуда, фарқ намудани дини мубини ислом аз ва асосҳои аҳкоми он ки покизагиву беғаразӣ ва инсодустиро талқин менамояд хеле оқилона қайд кардаанд.

Бинобар он, ҳар як шаҳрванди кишварро зарураст, ки барои ба доми мухолифони миллату давлат наафтодан аз зиракии сиёсӣ ва донишҳои замони муосир мусаллаҳ гардида, аз тарғиботҳои ғаразнок ва тундгароии ин тоифа одамон худ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварро эмин нигоҳ доранд.

 

Алиев А.Р.,

омӯзгори кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерӣ,

таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *