ҲНИ ҳизби террористӣ аст

           “Ислом ба зоти худ надорад айбе,

           Ҳар айб, ки ҳаст, мусалмонии мост”.

         Ин суханони ҳикматомези алломаи Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ имрӯзҳо бояд боз ҳам балантару пурқувваттар садо диҳед. Зеро, ҳоло дар ҷаҳони муосир гурӯҳои зиёди ифротгарову радикалӣ аз номи дини мубини ислом мардумони ҷаласаводу аз сиёсати овомфиребонаи ин гурӯҳҳо ноогоҳро ба ҷиҳати зидди “кофиро” (онҳое, ки тараф дори фарҳангу тамаддун) даъват намуда, вазъи сиёсию иҷтимоии ҷаҳонро ноорому хатарбор менамояд.

         Табадуллотҳои таъминии Ироқу лублон ҷангу ваҳшинариҳои гурӯҳҳои  бо ном давлати исломӣ дар Сурия кори дасти чунин гурӯҳҳои ифротгаро ва хоҷагони аврупоию Амрикоӣ онҳо мебошад. Умуман таърих исбот намуд, ки терроризму ифротгароӣ ин зодаи давлатҳои абарқудрат аст. Ин давлатҳои аз шиддати (инерсия) – и пештараашон беандешаву истиола ва оқибати кор нисбати тақдири миллионҳо халқу миллатҳои ин кишварҳо ва таъсири манфии ин табадуллот ва тартиботи сиёсии ҷаҳон ва муносибаҳои байналхалқӣ ва шикастани низоми сиёсӣ сарҷаму мураттаб ва ба ҳуввияти миллиашон мувофиқ аз байн рабуда ва сардорони давлаташонро бо тарзи асримиёнагӣ сангсару ба дор кашиданд. Ба ақидаи мо ин дараҷаи олии терроризми байналхалқӣ буд. Умуман терроризм ва экстремизм ин зодаи давлатҳои абарқудрат мебошад.

         Ҷанги Сурия, ки асосан аз бетарафию найрангбозӣ ва манфиати геополитикии як зумра давлатҳои аврупоӣ ва ИМА буд, ҷони миллионҳо одамони бегуноҳи Сурия ва “музоҳидон”-и бурунмарзӣ гардид. Садҳо оилаҳо бесаробон, кӯдакон ятим мондан. Оқибат “ҷиҳоди” беадолатона ҳамин аст. Ҷиҳоди Муҳаммадӣ ин ҷиҳод ба муқобили ҷаҳлу нодонӣ ва хурофоту таассуди Аъроб буд на барои хуни бегуноҳон рехтан. Онҳое, ки Тоҷикистони кӯчаку камбағалро ба ҷанги таҳмилии бародаркуш тела дода, хостанд бо таври радикалӣ “давлати исломии” оқибаташ номаълумро барқарор намоянд ва ҳоло ҷанобоне, ки дар хориҷи мамлакат ба монанди Муҳиддин Кабирӣ бо ҳар васил мехоҳанд вазъи сиёсии ҷумҳуриро ноорому муташанниҷ гардонанд, маълум буд, ки мо роҳи худро чун Эрон ба давлати исломӣ ва Хитой ба сохти коммунист дар сохтмони  давлати дунявӣ интихоб кардем. Ба ақидаи каминаи камтарин ин роҳи беҳтарин ва ба мурури замон ба ҳуввияти миллии мо хело мувофиқ мебошад. Мо ба ин ҳақ дорем. Ба шумо ва онҳое, ки мақсади низоми сиёсии чунин интихобкардаи халқро таъғйир додани мешаванд, маслиҳат медиҳам, ки беҳуда даву ғеҷ накунад, зеро мо хуб дарк намудем, ки такомул додани он низоми сиёсӣ аз шикаст беҳтару арзон меғалтад.

Устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ
муаллими калон Авазматов Ниматулло  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *