Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ Ҳизби наҳзати ислом на ба муттаҳидии ҷомеа, балки сабаби низоъандозӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон гардид. Мушоҳида карда мешуд, ки ҳадафи аслии саркардагону аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом ихтилофандозӣ байни мардум аст. Бо ин роҳ онҳо мехостанд, дар ҷомеа низоъву зиддиятро рӯи кор оварда, ба сари ҳокимияти сиёсӣ муфт соҳиб шаванд. Лек баъди манъ гардидани фаъолияти ин ҳизби ҷиноӣ дар Тоҷикистон, аъзоёни дар хориҷа паноҳ гирифта, амалиётҳои иғвогаронаи худро таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бурда истодаанд. Наҳзатиёни маккор мисли солҳои 90-уми асри гузашта хоҳони ташкили гурӯҳи мухолифин буда, замоне идораи онро гирифтанӣ буданд.
Бо роҳҳои гуногун мехоҳанд, тасарруфи фикрӣ ва баъдан тасарруфи амалӣ намуда, мухолифини зархаридро “ба роҳи рости худ” ҳидоят намоянд. Дигар тарафи масъала боз аз он иборат аст, ки тарафдорони Ҳизби наҳзати ислом барои устувор намудани базаи мухолифини худ аз хоҷагони хориҷиашон мабалағҳои ҳангуфт талаб намоянд.
Аммо тири онҳо хок хӯрд. Мухолифини дар хориҷ буда, ба ин иқдоми ҲНИ ҷавоби сазовор надоданд. Тибқи он Кабириро на ҳама ба сифати роҳбари ягонаи мухолифин қабул кард, балки ҳамчун як чолпуси хориҷиён ва тоҷири судхӯр шинохт.
Аз ин бармеояд, ки мухолифин низ ба “Муҳиддин Кабирӣ ва ҲНИ мухолиф” буда, маҳз ҷудоихоҳии ӯ буд, ки ҷудоихоҳон аз ӯ канора ҷустанд. Бо дарки ин, ки ҳатто мухолифин аз раиси наҳзат Муҳиддин Кабирӣ безоранд, моро зарур аст, ки наздикону пайвандон ва хоссатан насли наврас ва ҷавонро аз доми оташи наҳзат раҳоӣ бахшем ва нагузорем, ки ба гирдоби балои наҳзатиҳо гирифтор шуда, ояндаи босаодати хешро барбод диҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавзеҳи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ҳурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа, терроризм ва ифротгароӣ ва бахусус пешгирии фаъолияти ғайриқонунии ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом кӯшиш намоем.
Маҷидова Мунира асситенти
кафедраи молия ва қарз