Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак!

Наврўз муборак буваду ҷашни ҷаҳонӣ,

К-имрўз ҷаҳон ёфт дигарбора ҷавонӣ.

Мо бар ҳама гўем дар ин рўзи дилафрўз,

К-имрўзу ҳама рўзи шумо бод чу Наврўз!

Дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо қадамҳои сабзи худ фаро расидааст, аҳли ҷомеаи донишкада, устодону донишҷӯён ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин ҷашни фархунда, ки рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлоли маънавии тоҷикон мебошад, самимона табрику муборакбод мегӯям.

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллц – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалц Раҳмон фармудаанд:

«Наврӯз  бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд».

Воқеан, ҷашни Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон маҳсуб мешавад, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Аҳли ҷомеаи донишкадаи мо бо дилу нияти пок, бо бунёдкориву созандагц ба таълиму тарбияи шоистаи донишҷӯён машғул гардида, пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Мавриди зикр аст, ки дар донишкада барои таълиму тадрис шароити беҳтарин муҳайё гардидааст. Синфхонаҳои барҳаво, китобхонаҳои маъмулию электронц, компютерҳои замонавц, толори варзиш, марказҳои соҳибкорию забономӯзц ҳама дар ихтиёри устодону донишҷӯён қарор доранд. Албатта, ин имкон фароҳам меоварад, ки донишҷӯёни мо бо саъю кӯшиши зиёд аз пайи омӯзиш гашта, мутахассиси беҳтарин соҳа гарданд ва барои ободию шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмат намоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар устодону донишҷӯён ва аҳли ҷомеаи донишкадаи азизамонро шахсан аз номи худ ва аз номи раёсати донишкада ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори кор хоҳонам.

Пайки наврӯзӣ расид, олам гулистон мешавад,

Дар навои андалебон ғунча хандон мешавад.

Нури хуршед дорад имрӯз тобиши рангобаранг,

Тоҷикистон аз қудумаш нурборон мешавад.

 

Ҷашни Наврӯзи фархундапай муборак бошад!

Олимӣ Рауф Латифзода,

 директори ДИС ДДТТ,

номзади илми иқтисод, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *