НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОРО ДАР РУҲИЯИ ХУДШИНОСӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ НАМОЕМ! 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон таъкид медоранд, ки исломро ба терроризму ифротгароӣ омезиш додан хатои маҳз аст. Зеро исломи бузург танҳо покиву ростӣ, накӯкориву раиятпарастиро талқин мекунад. Аммо бархилофи ин арзиши муқаддаси динӣ яке аз марказҳои бузурги таблиғи дини мубини ислом Ҷумҳурии исломии Эрон бар хилофи аҳкоми шариат корбарӣ намуда истодааст. Зеро тайи чанд даҳсолаи охир яке аз Донишгоҳи бузурги ин давлат ба номи “Ҷомеату –л-Мустафо ал ъоламия” на ба тадриси илмҳои дунявӣ, балки террористу ифротгаро омода намудан машғул аст. Ҳадафи ин донишгоҳ бо роҳбаладии зимомодорони сиёсии эронӣ дар ҳамкорӣ бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо бахши хориҷии он бо номи “Қудс” ҷосус ва террорист омода кардан аст, ки мутаассифона, анқариб 50 ҳазор донишҷӯ дар он таҳсил мекунанд. Филилалҳои Донишгоҳ дар 50 кишварҳои олам фаъолият намуда, барои мағзшӯии ҷавонон корбарӣ мекунанд. Вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ИМА Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо ( «Ҷомеату-л-мустафо ал-ъоламия»)-и Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ таҳрим намудааст. Ин далел бори дигар ба нафъи кор будани пешгирии таҳсили ҷавонони тоҷикро дар баъзе аз кишварҳои мусалмонӣ ба исбот расонид.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати дохилшавӣ ба ин муасисаи олии террористомодакунӣ бар дӯши Ҳизби наҳзати ислом буда, давоми мавҷудияташ садҳо террористон дар ин мактаб ба камол расиданд, ки аксарият пайвандони роҳбарияти олии ин ҳизб мебошад. Худи аҳли ҷомеа ба қудрати сухангӯӣ ва сеҳрофаринии ин ҷавонон қоил мешуданд. Ҳар касе дар суҳбатҳои парвардагони ин донишгоҳ бошанд, ба худ хулоса мебароварданд, ки чи қадар аз илми исломшиносӣ огаҳии комил доранд, аммо дар асл ин нафарон андешаву афкори дигар доранд. Ба онҳо қадри инсон ҳеҷ чӣ аст. Онҳоро ҳамин тавр омӯзонидаанд, ки дар роҳи “исломи ноб” ҷонфидоӣ кунанд.

Бо назардошти масоили матраҳгардида ва вазъи имрӯзаи ҷомеаи муосир моро ҳушдор медиҳад, ки дониши сиёсиамонро боз ҳам баландтар бардорем. Ҳар амале, ки иҷро мекунем санҷидаву дониста кунем. Насли наврас ва ҷавононро дар руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоем. Мо ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпараст вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияту осоиштагии давлат ва оромию суботи ҷомеа саҳмгузор бошем.

                  Мақсудова С., муаллимаи калони забонҳои хориҷӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *