Даври якуми озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ДИС ДДТТ гузаронида шуд

Санаи 26.04.2021 бо ташаббуси Раёсати ДИС ДДТТ даври якуми озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуд, ки дар  он донишҷўёни се факултети донишкада: молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ, иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ  иштирок намуданд. Устодони кафедраҳои забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ донишҷўёни донишкадаро ба озмуни ҷумҳуриявии мазкур омода намуданд.

Бояд қайд намуд, ки озмунро ҳайати ҳакамон бо роҳбарии мудири шуъбаи илм ва инноватсия Камолов Ф.А., аъзоён – мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ Файзиева С.А, устодон Холшехова С.А, Ашўрова А.А ва Умуров И.Х. доварӣ намуданд.

Дар даври якуми озмуни мазкур 67 нафар донишҷўён аз факултетҳои донишкада иштирок намуданд ва аз рўйи 5 номинатсия: “Адабиёти классикӣ”, “Адабиёти муосир”, “Адабиёти ҷаҳон”, “Адабиёти бачагона”, “Шоирӣ” ва мутобиқи талаботҳои Низомнома сатҳи дониши онҳо санҷида шуд. Озмун идома дорад ва натиҷаҳои он дар наздиктарин мӯҳлат маълум мегарданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *