САРЧАШМАИ ҒОЯҲОИ ИФРОТӢ ВА ҶОСУСӢ

Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ гардидем, ки иғвогари наҳзати Муҳиддин Кабирӣ, санаи 15 апрели соли равон дар нишасти маҷозии  донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо ва фаъолони эронии ҳавзаи байналмилалии ҷаҳони Ислом баромад намуда, боз ҳамон суханҳои бардурӯғи худро давом дод. Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ИМА  Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо ( «Ҷомеату-л-мустафо ал-ъоламия»)-и Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ таҳрим намудааст. Ин далел бори дигар ба нафъи кор будани пешгирии таҳсили ҷавонони тоҷикро дар баъзе аз кишварҳои мусалмонӣ ба исбот расонид. Зеро таълими мазҳабии мухталиф дар кишварҳои мусалмонӣ боиси зиддиятнок шудани муҳити динии кишвари мо гашта буд. Таҳлилҳо собит менамояд, ки дар канори 50 ҳазор донишҷӯ айни замон 350 нафар ҷавонони тоҷикро низ барои тайёр намудан бо ном дар роҳи ислом онҳоро гумроҳ намуда, ба волидайну авлоду аҷдоди онҳо ки алакай бо номи террорист пайвастаанд, якумр доғи таънаву маломат мегиранд.  Воқеан бештари масъулони бахши идеологии Ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ва Паймони миллӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ фаъолият доранд, хатмкардагони Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо мебошанд. Дар урфият мегуянд, ки офотобро бо доман пӯшида намешавад, оқибат як сарчашмаи ғояҳои ифротӣ ва ҷосусӣ аёну исбот шуд. Имрӯз ба ҳамагон аён шуд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ на танҳо дар дохили кишвари мо амалҳои террористӣ содир намудаанд, инчунин дар задухӯрдҳои Сурияву Ироқ иштирок намуда, садҳо нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Дар натиҷа имрӯз теъдоди зиёди занону кӯдакони онҳо дар  паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Тибқи хабаргузории “Интерфакс”-и  Федератсияи Русия бо такя ба мақомоти курд иттилоъ медиҳад, ки беш аз 150 ҷангҷӯйи гуруҳи тундрави ”Давлати исломии Ироқу Шом”-ро дастгир кардаанд, ки дар он беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия  нигаҳдорӣ мешаванд. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки зани тоҷике, ки худро Оиша меномад, аз паноҳгоҳи “Ал-Ҳавл”-и Сурия зимни бо “Радиои Озодӣ” изҳор дошт, ки аз охири соли гузашта писарони аз 12-сола болоро ба машқи ҳарбӣ ҷалб кардаанд. Ё мисоли дигар, то ҳанӯз ҳастанд афроде, ки бо сабукандешӣ, тангбинӣ ба гурӯҳу равияҳои ифротӣ шомил шуда, чун М. Кабирӣ ва М. Садриддин корашон танҳо иғвогариву тӯҳматгароӣ, фикру андешаҳояшон душманона, каҷравона, вайронӣ аст. Чунончӣ, танҳо дар соли сипаригардида 271 нафар тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ ва равияҳо ҷиноят содир намудаанд. Аз ҷумла:“Бародарони мусалмон”-  148 нафар; “Давлати исломӣ” -39; “Ҳизби наҳзати ислом”- 17нафар; “Гурӯҳи 24”- 8 нафар; “Ансоруллоҳ”-8нафар; “Ал-қоида”-3 нафар; “Ҳаракати Толибон” -1 нафар дастгир шуданд. Чунин мисолҳо хеле зиёданд, ки сабабгори  ин ҳолат на танҳо волидайни онҳо, инчунин гунаҳгори асосӣ ва барангезандаи ин амалҳои номатлуб наҳзатиёни хиёнаткор мебошанд.

Хулоса, бо назардошщти вазъи имрӯзаи бамиёномада, ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сатҳи дониши сиёсиамонро боз баландтар бардорем. Ҳар амале, ки иҷро мекунем, санҷидаву дониста иҷро намоем. Баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар насли наврасро дар рӯҳияи Ватандӯстӣ тарбия намоем. Вақте миллати бофарҳанги тоҷик аз як гиребон сар мебарорад, ҳеҷ қуввае аз дохилу берун моро таҳдиду ғайбат карда наметавонад.Ҳамон вақт мо бо давлату миллати хушбахт пеш меравем.

                                  

                                                                  Маҳадёров Б.Х., ассистенти

                                                                   кафедраи математекаи олӣ ва

                                                                     технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *