НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    

       Мусаллам аст, ки рӯзи 16 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст, ки мо ҳамасола рӯзи 16-уми ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ҷашн мегирем. Ин рузи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли солҳои начандон зиёд дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким ёфт ва ҳисси ватандӯстии тамоми қишрҳои ҷомеа афзуд. Оид ба таърихи навини даврони соҳибистиқлоли кишвар андешаҳои хешро изҳор намуда, иброз медорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон кард ва саҳифаи нави таърихӣ дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Вале, мутаассифона ҳанӯз аввалин солгарди соҳибихтиёрии худро ҷашн нагирифта, кишвари мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод Дар он айёми бисёр мудҳишу вазнин фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрд. Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар давлат фазои беҳокимиятиву зӯроварӣ ҳукмфармо гардид. Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд. Дар чунин шароити фоҷиабор вакилони мардумӣ ва дигар мансабдорони давлатӣ тасмим гирифтанд, ки барои ҳарчи зудтар хомӯш кардани оташи ҷанг, қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар Ќасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намоянд. Дар он Иҷлосияи тақдирсоз Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомали Рахмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб гаштанд, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд. Бояд қайд кард, ки дар он айёми мудҳишу вазнин, барқарор намудани фаъолияти сохтору мақомотҳои фалаҷшудаи давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва барқарор намудани манзилу иншоотҳои харобгашта кору саҳлу осон набуд. Ҳамчунин, аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ, таназзули бошиддати иқтисодиёт, сатҳи баланди бекорӣ, таварруми бесобиқа, кам шудани ҳаҷми даромади буҷети давлат ва афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ ба масъалаҳои вазнини он рӯзҳо табдил ёфта буд.
Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони сулҳи тоҷикон 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба манзили мурод расид. Баробари ин,бояд қайд кард, ки то соли 2000-ум ҷангу даргириҳо дар баъзе минтақаҳои алоҳидаи кишвар идома доштанд ва дар чунин шароит Ҳукумати кишвар кӯшишҳои худро ҷиҳати ҳалли масоили барқарорсозии иқтисоди фалаҷгаштаи кишвар сафарбар намуд ва кишвари мо танҳо аз соли 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид гашт.Аз оғози он, яъне, аз соли 2000-ум Ҳукумати кишвар гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ташаккул додани муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ эълон намуд ва ба ин васила заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро фароҳам овард. Бо ин мақсад ислоҳоти иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо оғоз гардид. Минбаъд, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушду инкишофи кишвар ҳадафҳои стратегии рушди босуботи иқтисоди кишварро қабул кард, ки онҳо аз таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар иборат мебошанд. Дар ин росто, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонида истодааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми имконияту захираҳо барои таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар сафарбар карда шуданд. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ини давра ҳамчунин, беш аз 2200 километр роҳ, даҳҳо километр нақб ва садҳо пули ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардид, ки кишвари моро ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил гардонд. Яъне Тоҷикистон аз давлати пароканда ба як қаламрави воҳид табдил дода шуд. Дар ин раванд, кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ гардид ва ба мамлакати транзитӣ мубаддал гашта шуд.

     Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гашта, агрегатҳои аввалини он ба кор андохта шудаанд. Ҳамзамон бо ин, неругоҳҳои «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2» ва даҳҳо неругоҳҳои миёнаву хурд бунёд карда шуда, 75 фоизи шабакаҳои энергетикии мамлакат таҷдиду бунёд гардиданд. Инчунин, таҷдиду азнавсозии пурраи неругоҳи «Сарбанд» ба анҷом расид ва низоми ягонаи энергетикии кишвар ба вуҷуд омад. Айни ҳол, дар баробари бунёди неругоҳи «Роғун», корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» босуръат идома доранд.

     Ҳукумати кишвар, дар солҳои минбаъда низ ҷиҳати баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллиро пеш гирифта ба таъмин намудани рушди боустувори кишвар кӯшишҳои худро равона карда истодааст. Дар ин замина, Ҳукумати кишвар ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда истодааст.

Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаи олам мақому манзалати шоиста пайдо кард ва дар ҳалли силсила мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили обу иқлим саҳми назаррас гузошт ва ҳамчун кишвари пешсафу ташаббускор мавриди обруву эҳтиром қарор гирифт.

Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф карда, бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шудааст. Илова ба ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд марҳала ба марҳала намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа таъсис ёфтанд, ки теъдодашон имрӯз 39 ададро ташкил медиҳад, ҳамчунин, дар зиёда аз 20 кишвар сафирони ғайримуқим таъин гардиданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратҳои 24 кишвари хориҷӣ ва намояндагию дафтарҳои 57 созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамкориҳои судманд менамояд.

       Имрӯзҳо, якчанд ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили обу иқлим аз тарафи СММ дастгирӣ шудаанд. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза эълон гаштани соли 2003», Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» мебошанд. Инчунин, аз тарафи СММ эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” обруву нуфузи кишвари моро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт.

      Ҳамаи ин ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст. Кишвари мо, минбаъд низ бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориҳои худро дар ин соҳаҳо бо ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо густариш медиҳад.

Тайи солҳои охир вазъи ҷаҳон ниҳоят мураккабу ҳассос гаштааст. Алалхусус ҷомеаи ҷаҳониро вусъатёбии хавфу хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла мусаллаҳшавии бошитоб, низоъҳои мусаллаҳона, терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар ҷиноятҳо, ки ба суботу оромӣ ва амнияти кишварҳо таҳдид эҷод мекунанд, сахт ба ташвиш овардааст.

      Бо дарназардошти ин раванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» чаҳор конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар ҳамкори бо созмонҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ баргузор намуд, аз ҷумла:

  • “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 маи соли 2018);

-“Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (16-17 майи 2019);

-“Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” (18-19 октябри 2022);

-Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайти Раванди Душанбе.

      Хулоса, Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷанги таҳмилӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба чунин буҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд. Тоҷикистон ҷонибдори он ҳаст, ки дар кишварҳои ҷаҳон сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва кишвари мо тавонад бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ҳамкорӣ намояд. Аз ин лиҳоз, кишвари мо, ташаббусу тадбирҳои худро дар ҳалли масъалаҳои амниятӣ ва тахдиду хатарҳои ҷаҳон равона карда истодааст.

Воқеан, солҳои охир, мо шоҳиди шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ки ба пойдории сулҳу субот ва амнияти кишварҳо таҳдид эҷод мекунанд, рӯ ба рӯ гаштаем. Масалан танҳо дар навори Ғаззаи Фаластин тайи муддати зиёда аз як сол беш аз 45 ҳазор одамон кушта шуданд, ки зиёда аз 17 ҳазори онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд .

       Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш оид ба вазъи кунунии Ховари Миёна, бахусус, Фаластин мавқеи Тоҷикистонро нисбати ҳамин кишвар баён намуданд: “Ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои СММ оид ба ташкили Давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин имконпазир мебошад. Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад. Дар ҳақиқат, вазъи баамаломада дар Шарқи Наздик, кишварҳои ҷаҳонро сахт ба ташвиш овардааст ва барои ба эътидол овардани вазъ ҷонибҳо аз роҳи низомӣ даст кашида, бо роҳи музокира ва сиёсӣ онро ҳал намоянд.

       Имрӯз вазъи Афғонистон ҳамоно ноустувор ва номуайян боқӣ мондааст. Бо истифода аз ин вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ мавқеи созмонҳои террористӣ дар Афғонистон тақвият ёфтанд ва алҳол ҳамаи онҳо ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддӣ эҷод менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояи Афғонистон сарҳади тӯлонӣ (1400 километр) дорад ва 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки вазъи нооромӣ Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи худро мерасонад, зеро амният ва тинҷиву оромӣ дар минтақа, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста мебошад.

       Бинобар ин, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани тинҷиву оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя мебошад. Кишвари мо, ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша тарафдори тинҷиву оромӣ ва суботу сиёсӣ дар Афғонистон мебошад.

       24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии СММ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромади хеш, Пешвои миллат аз вазъи мураккабу пурҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид карданд: “Имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳассосу мураккаб қарор дорад. Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт”. Вобаста ба ин раванд, Пешвои миллат қайд карданд, ки таъмини сулҳи пойдору ҳаёти осоиштаи инсоният ва пешрафти кишварҳо пеш аз ҳама дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда фароҳам мегардад. Дар ин росто, Сарвари кишвар бо мақсади дастрасӣ ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна зарур шумориданд, ки давлатҳои ҷаҳон муттаҳид шаванд.

        Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ барои ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

       Ин ташаббуси навбатии Сарвари кишвар, бевосита дар ҷаҳони пуртазоду мураккаб басо сари вақтист. Зеро, ибтикорҳои Пешвои миллат аз сиёсати баланди сулҳҷӯёна ва сулҳпарварона гувоҳӣ медиҳад. Дар ин радиф, бояд қайд кард, ки таҷрибаи сулҳофари Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

        Таърих ва фарҳанг яке аз рукнҳои ҷудонашавандаи ҳар ҷомеа буда, таҷассумгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола аст. Дар замони истиқлоли давлатӣ, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон шинос кардани ҷаҳон бо таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷикон сурат гирифт.

        Дар ин радиф, Тоҷикистон даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳимро бахшида ба санаҳои таърихиву фарҳангӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар баргузор намуд. Аз ҷумла, Ҷашни 1100 – солагии давлатдории Сомониён, 2700 – солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150 – солагии устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000 – солагии Носири Хусрав, 800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 – солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 – солагии шаҳри Истаравшан, 3000 – солагии маданияти Ҳисор, 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиши дигар мебошанд [7, 3].

         Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 1993 аъзои комилҳуқуқи ЮНЕСКО (ташкилоти махсуси Созмони Миллали Муттаҳид – оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) гардид ва дар ҳамкорӣ бо ин созмон ба дастовардҳои назаррас муваффақ гашт. Алалхусус, мусиқии Шашмақом, «Фалак» ва иди ниёгони мо – Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддӣ ва шаҳрҳои қадимаи Саразм, Тахти Сангин, Боғи миллии Тоҷикистон, «Чакан» ба Феҳристи мероси моддии ин ташкилот шомил гардиданд. Танҳо соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуданд [8]. Тоҷикистон, ният дорад, ки солҳои минбаъда боз дигар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷикро ба феҳристи мероси ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод намояд

Ҳамин тариқ, ҳамаи ташаббусу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз таҳкими субот ва амнияту оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гашт ва шинохта шуд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби Пешвои миллат дар тақвият ёфтани мавқеи кишвари мо дар ҷаҳон хело бузург аст. Имрӯз Тоҷикистон бо сайю кушишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шуда, кишвари мо дар асоси ҳамин мафҳум бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Аз лиҳоз, мо боварӣ дорем, ки ташаббуси навбатии Президенти мо “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” тавассути қатъномаи махсуси СММ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва қабул хоҳад шуд.

Дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бисёр муҳими сиёсӣ ва тарбиявӣ дорад. Бо таҷлил намудани ин рӯз мардум пеш аз ҳама нақши Президентро дар рушду инкишофи давлат дарк менамояд. Инчунин, нақши ниҳоди президентиро дар таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти миллӣ дарк намоянд. Аз ҳамин лиҳоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзи сипосгузорӣ ва маҳбубияти хоса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аст!

 

ҲОШИМОВ Ф. Ҷ.,

муаллими калони

кафедраи ҷомеашиносӣ

ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *