Нақши Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО-и Роғун ҳамчун иншооти ояндасозӣ миллат

Имрўз масъалаи ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО Роғун ба мавзӯи рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷўҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба ин мавзӯъ  маводҳои ҷолиберо ба мардум пешкаш менамоянд.

Ҳеҷ шубҳае нест, ки ин ҳодисаи воқеъуляқин  натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ ва ояндабинона ва иродаи қавии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  Ин лаҳзаҳо, ки моро ҳаяҷон ва ҳисси сарбаланди фаро гирифтааст, мехостам як лаҳза ба гузаштаи на он қадар дур назар афканем.

   Ба шумоён маълум аст, ки ҳоло соли 1968 сарраёсати энергетика ва электрификатсияи Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон барои тартиб додани лоиҳаи техники НБО «Роғун» ба шўъбаи Осиёмиёнагии институти «Гидропроект» дар шаҳри Тошканд фармоиш дод, Асосноккунии техникию Иқтисодии лоиҳа соли 1976 ва Лоиҳаи техники он соли 1980 тасдиқи амалии худро ёфт.

    Марҳилаи корҳои тайёрии сохтмони НБО пас аз тасдиқи асосноккунии техникию иқтисодӣ соли 1976 оғоз ёфт. Нахустин сохтмончиён моҳи сентябри соли 1976 ба Роғун омаданд. Майдончаҳои сохтмон дар баландии аз 1000 то 1700 метр ҷой гирифта, наздиктарин стансияи роҳи оҳан 80 километр масофаро ташкил медод. Трансформаторҳо ва чархаҳо дар Украина ва гидрогенераторҳо дар Свердловск сохта мешуданд. Ҳамагӣ дар лоиҳа 300 корхонаи собиқ ҷумҳуриҳои шўравӣ иштирок карданд. Барои сохтмончиён дар ин мавзеъ шаҳри Роғун бунёд ёфта, хонаҳои серошёна ва боғчаи бачагонаи «Юнга» мавриди истифода қарор гирифт.

Пеш аз ҳама кандани нақбҳои сохтмонӣ дар мавзеи хокаш нарму ковоки зери фишори баланд қарор дошта, оғоз ёфт. Аз ин лиҳоз, баробари кандани нақб дарҳол корҳои бетонрезӣ сурат мегирифт. Дар як моҳ даҳҳо метр нақб канда шуд. мувофиқи лоиҳа 63 километр нақб бояд канда мешуд. Ба ин хотир барои тезонидани корҳо кандани нақбҳоро ва аз мобайн ба воситаҳои чоҳҳои иловагӣ оғоз намуданд.

Барои рехтан ва мустаҳкамкунии сарбанд конвейерҳои чандинкилометра сохта шуд, ки мўҳлати сохтмонро коҳиш дода 80 миллион рубли шўравиро сарфа намуд ва ин дар муқоиса ба кашидани бор бо мошинҳои калони боркаш фоиданок буд.

27 декабри соли 1987 дар назди нақбҳои нотамоми сохтмонӣ маҷрои дарёи Вахшро бастанд. Соли 1993 баландии сохтмон ба 40 м расида масофаи нақб 21 километрро ташкил дод, коркарди толори мошини ба (70%) ва толори трансформатори ба (80%) расонида шуд.

Пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ сохтмони НБО бинобар вазъи ноороми ҷумҳурӣ қатъ карда шуд. Дар натиҷаи офати табиӣ 8 майи соли 1993 қисмати болоии сохтмон зери обхезӣ монда нақбҳо ва толори мошинӣ хароб шуд. Баробари ба эътидол омадани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ сохтмон аз нав эҳё гашт.

Соли 2004 байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Русал» оиди идомаи сохтмони НБО шартнома ба тасвиб расид. Бо маблағҳои Русал асосноксозии фаннию иқтисодӣ ба ҷо оварда шуда, дар майдончаи сохтмони НБО як қисми корҳо ба ҷо оварда шуд, аз ҷумла толори мошини хушк карда шуд. Аммо ҷонибҳо ба як қатор масъалаҳои принсипиалии лоиҳа ба ҳам мувофиқ наомаданд, аз ҷумла сатҳи баландии сарбанд ва шакли он. «Русал» пешниҳод намуд, ки сади бетони бо баландии 285 метр бунёд ёбад ва сентябри соли 2007 Тоҷикистон расман шартномаи худро бо ширкати «Русал» қатъ намуд.

Қисме аз таҷҳизотҳои лозима, аз ҷумла ду гидротурбинаи истеҳсоли корхонаи Харков «Турбоатом» ҳанўз ибтидои соли 1990 ба минтақаи НБО Роғун оварда шуда буданд. Аммо бо сабабҳои дар боло зикр намуда бунёди Роғун ба таъхир андохта шуд. Ин аст тахрихчаи бунёди НБО-и Роғун.

Дар ин росто мехостам  як нуктаи муҳимро таъкид намоям. Охири солҳои 90-ум ва оғози 2000-ум буд. Устодони калонсол манзараи ҳузнангези он солҳоро хуб дар ёд доранд. Ба он нигоҳ накарда, ки Созишномаи истиқрори Сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида буд, аммо ҷомеаи мо пурра аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ озод нашуда буд, дар ҳар гӯшаи канори Ватанамон овози тиру туфанг садо медод. Ҷомеаро буҳрони амиқи иқтисодиву молиявӣ фаро гирифта, зиндагии мардум,  ҳам ба маънои асли ва ҳам маҷози  дар торикӣ қарор дошт.  Қариб 90% ҳудуди Тоҷикистон бо барқи доими таъмин набуд, ки ин ба рӯзгори одамон ва вазъи иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонид. Бисёр корхонаҳо бо сабаби норасоии барқ аз фаъолият бозмонданд, биноҳои маъмурӣ, мактабу маориф ва дигар объектҳои ҳаётан муҳим  чароғону гарм карда намешуданд. Ин ҳолати ҳузнангезеро ба миён оварда мардумро руҳафтода гардонида буд. То рафт боварии иҷтимоии мардум аз Ҳукумат коҳиш меёфт. Ана дар ҳамин вазъияти вазнин  неруи зеҳнии Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуд,   азм карда шуд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун эҳё карда шавад. Ин ягона роҳи халоси аз гирдоби зулмот буд. Дар аввал ба назар чунин менамуд, ки ин андеша маҳсули таҳайюлоти зубдагони сиёсии алоҳида мебошад. Вале дертар маълум гашт, ки ин ҳадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

    Бо назардошти ин ҳадаф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се вазифаи стратегӣ: баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ матраҳ гашт. Имрӯз босарбаланди гуфта метавонем, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд. Бунёди роҳи байналмиллалии Душанбе–Хуҷанд- Чаноқ, Душанбе –Хоруғ- Кулма, бо роҳи мумфарш ба ҳам пайвастшавии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Бадахшон, бунёди пулҳо дар дарёи Вахшу Панҷ, ки ҷумҳуриро ба давлати ҳамсояи Афғонистон мепайванданд, Ватани маҳбуби моро аз бумбасти коммуникасионӣ баровард.

    Акнун, гидроагрегати якуми НБО-и Роғун ба истифода дода мешавад, ки Тоҷикистон истиқлолияти комили энергетикиро ба даст меоварад. Бояд тазаккур дод, ки истиқлолияти энергетики ин фақат бунёди Роғун нест, балки дар доираи ин самти стратегии рушд чорабиниҳои зиёд амали гаштанд. То даврони истиқлолият дар ҷумҳури фақат ГЭС-и Норак,  Қайроқум, Бойғозӣ  фаъолият бурда, НБО-ии  Помир-1 ва Помир -2, ки ба ширкати Помирэнержӣ тааллуқ дорад, дар ҳолати таъмир қарор дошт, ки  иқтидори онҳо барои ҷумҳури кифоя набуд. Дар натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами милат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ НБО-и Помир-1 ва Помир-2 пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд, дар ҳамкори бо Ҳукумату ширкатҳо Россия ва Ҷумҳурии Ирон НБО-ӣ Сангтӯда 1 ва Сангтӯда -2 мавриди истифода қарор гирифт.  Дар пойтахти мамлакат дар ҳамкори бо ширкатҳои бонуфузи Чинӣ  Истгоҳи барқӣ-гармидиҳии Душанбе -1 ва Душанбе – 2 ба истифода дода шуд. Дар ҳамин давра  дар Тоҷикистон зиёда аз 280  неругоҳҳои хурди обии барқӣ бунёд гаштанд, ки то имрӯз онҳо зиёда аз 24, 5 млн кв/соат барқ истеҳсол намуданд. Илова бар ин, ҳоло корҳои лоиҳакашӣ доир ба бунёди НБО-ии Шуробод 1 ва Шуробод-2   ва бунёди НБО дар дарёи Зарафшон бо ҳамкори бо Ҷумҳурии Узбекистон  оғоз гаштаанд.

     Дар доираи амали намудани стратегияи таъмини истиқлолияти энергетики дар тӯли ин солҳо инфрасохтори соҳа бунёд гашт. Дар ин раванд хаттӣ содиротии барқ ба кишварҳои ҳамсоя КАСА-1000 оғоз ёфт, хатти интиқоли барқи 500 килловатаи  ҷануб шимол ба истифода дода шуд, ҳазорҳо симчӯбҳои фартутгашта ва ноқилҳои кӯҳнашуда ба навъи пурбардораш иваз карда шуданд.  Аз рости чунин ба назар мерасад, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷик амали мегарданд ва бояд эътироф намуд, ки дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки қавлу амалаш як аст, фарзанди замини ин диёри куҳанбунёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон меистад.

      Ба истифода додашудани агрегати якуми НБО Рогун аҳамияти фаромиллиро дорост. Вобаста ба ин нуктаҳои зеринро таъкид намудан зарур аст:

  1. Барқи Рогун ба хонаи ҳар яки мову шумо ворид гашта онро рӯшан месозад, зиндагиамонро шукӯҳу шаҳомати нав мебахшад. Ҳар яки мо бояд фахр кунем, ки фарзандони бо ору номус ва соҳибкасби Тоҷикистон бо роҳбари ояндабини худ қодир ҳастанд ҳар гуна муаммоҳои ҷомеаи имрӯзаи моро ҳал кунанд,
  2. Аз лиҳози иқтисодӣ вай имконият медиҳад, ки корхонаҳои бузурги саноатӣ бунёд гашта, онҳо устуворона фаъолияти хешро ба роҳ монанд. Ҳазорҳо ҷои кории нав ташкил мегарданд, ки онҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
  3. Роғун аҳамияти беназири байналмиллалиро дорад. То имрӯз Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ҳамчун муаллифи ташаббускори муаммоҳои глобалии ҷаҳон, хусусан дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ мешинохтанд  Бо ташаббуси Пешвои миллат аз ҷониби СММ қабулгаштани қатъномаи Барномаи “Даҳсолаи амал об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 ва 2028  исботи ин андешаҳо мебошанд.

    Баробари ба истифода додани агрегати якуми НБО Роғун акнун дар арсаи байналмиллалӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишваре, ки имконияту тавоноии тадбиқи лоиҳаи бузурги муҳандисиву иқтисодӣ мешиносанд, акнун обрӯву этибори Тоҷикистон дар ҷаҳон ба маротиб меафзояд. Ба истифода дода шудани чархи якуми НБО-и Роғун аҳамияти минтақавиро низ дорост. Зеро барқе, ки истеҳсол мешавад ба мамлакатҳои ҳамсоя Ӯзбекистон, Қарғизистон, Афғонистон ва дигарҳо интиқол дода мешавад.  Агар бо забони шоир гӯем:

                              Тоҷикистонам чароғон мешавад,
Манбаи нури фаровон мешавад.

                             Аз фурўғи дидаи Роғуни мо,
Хафт кишвар ахтаристон мешавад.

     Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандагӣ дарак медиҳад. Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рўз дар майдони кори нерўгоҳ заҳмат кашида бо ғурури Рустамона ва ҳиммати Фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кўтоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат кашиданд.  Онҳо хуб медонистанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.

     Имрӯз халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ,  радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рўшноиро ба ҷаридаи олам эҳдо хоҳад кард.

         Дар рӯзи Президент ба истифода дода шудани чархи якуми НБО Роғун моҳиятан рамзиву амри воқеъият аст, зеро агар истодагарӣ, пофишориҳо ва дар ҳифзи манфиатҳои миллии мавқеъи устувори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ин қадами устувор гузошта намешуд.

     Бигзор нури Роғун на фақат ба хонаводаи шумо, балки ба ботини шумоён роҳ ёфта, онро равшан созад, то ки ҳар яки шумоён баҳри ободонии Ватани азизамон меҳнати самаранокро ба сомон расонед. Ин санаҳои таърихӣ ба ҳар яки шумоён муборак бошад.

Расулҷон Солиҷонов,
доктори илмҳои фалсафа,
профессори ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *