Нақши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар рушди сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар мавзӯи «Нақши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар рушди сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 29-октябри соли 2020, тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки меҳмонони ватаниву хориҷӣ дар реҷаи “онлайн”  баргузор гардид.

Конференсияи байналмилалӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирпочоев Далерҷон Алиҷонович оғоз гардид. Мавсуф иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам гуфта, перомуни нақши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар рушди сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.

Сипас дар ҷаласаи планерӣ маърӯзаҳои пурмуҳтавои устодони донишгоҳҳои кишвар ва хориҷ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шунида, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Таҳти унвони “Professional Features of Guide-Translating Activity in the Development of International Tourism” – Камолов Фаррухҷон Абдуқодирович, мудири шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар ҳузури иштирокчиёни конференсия бо забони англисӣ баромад намуд.

Ҳамчунин оид ба масъалаҳои “Алоқамандии  бахши сайёҳӣ  ва соҳибкории экологӣ: муҳимият, рушд  ва  мушкилот” Шарифов Хайрулло Азизович, и.в. мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   “Перспективы, проблемы и задачи Халяль-туризма в городе Севастополе Измайлов Алексей Тахирович, кандидат экономических наук, доцент кафедры менеджмента Севастопольского экономико-гуманитарного института (филиала) ФГАОУ ВО “Крымский федеральный университет им. В.И. Вернадского, “Internationalization of Higher Education as Factor for International Relations’ Development (best practices from UNICAC project)” –Мухторов Саидқосим Саидосимович, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ, магистри Донишгоҳи Кантабрияи  Испания дар соҳаи бизнес-маъмуриятчигӣ ва ТИК,  “Балҷувон минтақаи сайёҳии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон”Каримова Мадина Давроновна, докторанти бахши 3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, “The Importance of Teaching Foreign Languages for Preparing Specialists in the Field of Tourism” – Исмоилова Мутриба Охунҷоновна, мудири кафедраи забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Коференсияи байналмилалӣ дар 5 бахш: “Забоншиносии муқоисавӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилаӣ”, “Рушди хизматрасонии тарҷумонӣ-роҳбаладӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Кишваршиносӣ ва муаррифии кишвар”, “Барномаҳои давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ: аҳамият ва муаммоҳои таълими забонҳои хориҷӣ”, “Омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди сайёҳии байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома ёфта, дар он беш аз 90 мақолаҳои илмӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар назар аст, ки маҷмуаи мақолаҳои конференсияи байналмилалӣ дар шакли китоби алоҳида бо формати чопӣ ва Pdf ба нашр расида, дастраси иштирокчиёни ин конференсияи бонуфуз мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *