АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИИ ЗАМОНИ МУОСИР

Авзои сиёсии ҷаҳони муосир пурпечетутоб буда дар он гурӯҳҳои зиёди иртиҷоӣ, ки зидди ҳукуматҳои қонуни ҳастанд, фаъолияти махфӣ ва ошкоро бурда, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ доштаро ба сафи хеш ҷалб менамоянд, онҳоро бо роҳи амалҳои ғайриқонунӣ сарфарбар месозанд, ки ин ҳодиса яке аз зуҳуроти номатлуб дар мамлакатҳои зиёди дунё мебошад.

Дар бобати ҷавонон ва саҳми онҳо дар ҷомеа Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид намуданд, ки онҳо ба дӯстдоштани Ватан, худшинос будан ва касби хислатҳои ҷавонмардона даъват менамоянд.

Дар  Тоҷикистон  чун  дар  бисёр  кишварҳои  дигар  барои  ба  ҳадафҳои  сиёсӣ  расидан  аксаран  ташкилотҳои  экстремистӣ  ба  эътиқоди  динии шахсон  таъсир  расонида  мардумро  бовар  кунониданд,  ки  сиёсити  давлатдорӣ  бар  зидди  ақидаҳои  динии  онҳост  ва  ин  роҳу  воситаро  истифода  бурда,  мехоҳанд  дини  мубини  исломро  барои  ба  ҳадафҳои  нопоки  худ  ноил  шудан  истифода  баранд.  Барои  пешгирии  зуҳури  хама  гуна   падидаҳои  терроризму  экстремизм,  хариду  фурӯши  одамон  ва  коррупсия  мо   аз  тамоми  имконот  истифода  мебарем.  Ин  кор  аз  ҷониби  давлат   амалӣ  карда  мешавад,  аз  ҷумла  тавассути  таълиму  тарбияи  дурусти  қонуну  қоидаҳои  ислом,  ки  барои  ин  ҳамаи  шароитҳо  фароҳам  оварда  шудаанд.

Ҳарчанд  Истиқлолият  майдони  фароҳеро  барои  ихтиёрдорӣ  ба  қабули  санадҳои  ҳуқуқӣ  дода  бошад  ҳам,  миллатсозиву  ҷомеасозӣ  ва  бунёди  давлати  пешрафта  кори  хеле  мушкил  аст. Ҳамагуна  ҳаракатҳои  динии  ифротгаро,  на  барои  ислоҳи  шуури  динӣ  аз  дохил,  балки  барои  вайрон  кардани  асосҳои  дин  дар  ҷомеа  ва  ниҳоят  барои  амалӣ  сохтани  мақсадҳои  сиёсӣ  таъсис  ва  таҳмил  дода  шудаанд.  Бо  сӯиистифода  аз  эътиқоди  мардуми  мусулмони  ноогоҳ  мехоҳанд  ҳадафҳои  сиёсии  худро  амалӣ  созанд.

Аз  таърих  маълум  аст,  ки  дини  ислом  дар  густариши  ҳаракатҳои  миллӣ – озодхоҳӣ  нақши  муҳим  бозида,  вале  аз  ҷониби  гурӯҳҳои  ифротӣ  барои  барангехтани  мунокишаҳои  сиёсӣ – динӣ  низ  истифода  шудааст.  Аз  ҷумла  баъзе  ҳаракатҳои  динӣ  ҳамкориҳоро  бо  кишварҳои  ғарб  намепазируфтанд  ва  ҳукуматҳои  ғарбгароро  бо  куфр  гунаҳкор  мекарданд,  вале  кишварҳои  мусулмонии  кафомонда  маҷбур  буданд  ҳамкории  иктисодӣ  ва  илмӣ – техникиро   бо  ғарб  ба  роҳ  монанд,  зеро  дар  кишварҳои  шаркӣ  ҳанӯз  ниҳодҳои  иктисодии  устувор  вуҷуд  надоштанд,  ки  барои  рушди  ҷомеа  мусоидат  намоянд.  Тадриҷан  мақсадҳои  ниҳоии  ин  ҳаракатҳои  озодихоҳӣ  тавонистанд  онҳоро  якҷо  кунанд  ва  ин  раванд  дар  ташкил  гардидани  кишварҳои  Яман,  Либия,  Лубнон,  Урдун  татбиқи  амалии  худро  ёфт.  Аммо  дар  Туркия  бошад,  арзишҳои  миллӣ  хусусияти  умумидавлатӣ  дошта,  давлат  барои  интишори  забону  фарҳанги  миллӣ  аз  ҳисоби  буҷаи  давлат  маблағи  зиёд  сарф  мекунад,  яъне  меҳвари  асосии  тамоми  барномаву  накшаҳои  илмӣ,  фарҳангӣ  ва  динӣ  рушди  илму  маорифи  миллӣ  аст.

Таҷовузи  (экспансия)  экстримизми  динӣ  ҷиҳати  таъсис  додани  пойгоҳ  барои  таълим  додани  ҷавонони  аз  умули  динӣ бехабар,  ки  фардор  дар  куштану  тарконидани  мардуми  бегуноҳ,  вайрон   кардани  шаҳру  деҳоте,  ки  худашон  дар  он  ҷо  ба  воя  расидаанд,  даст  мезананд  мусулмонони  одиро  ба  ҳаяҷон  овардааст.  Аз  ҳама  даҳшатовар  он  аст,  ки  терроризм  давлат  сарҳад  ва  миллат  надошта  хусусияти  трансмиллӣ  гирифта,   мусулмонони  бегуноҳ  қурбони  ин  бозиҳо  шуда  истодаанд.

Муҳимтарин  масъала  имрӯз  дар  минтака   таъмини  сулҳу  осоиштагӣ,  ҳамзистии  мусолиматомези  дин  бо  фарҳангҳои  гуногун  дар  ҷомеа  буда,  дар  ин  раванд  бояд  афзуд,  ки  ҳаракатҳои  динӣ  метавонанд  бо  дастгирии  соҳибони  хориҷиашон    ҳамчуномили  тағйир  додани  вазъияти  сиёсӣ  истифода  шаванд. Давлати  муосири  миллӣ  дар  заминаи  ҳифз  ва  рушди  арзишҳои  миллӣ  ва  ҳувияти  миллӣ  арзи  вучуд  карда  метавонад. Дар  замони  ҷаҳонишавии  босуръат  мо  амнияти  давлат  ва  ҷомеа,  ваҳдати  миллӣ,  зиндагии  орому  осуда  ва  устувории  пояҳои  давлатдории    миллиамонро  ҳамон  вакт  пурра  таъмин  карда  метавонем,  ки  барои  баланд  бардоштани  маърифати  сиёсӣ  ва  худогоҳиву  худшиносии  миллӣ  пайваста  саъю  талош  варзем  ва  кӯшиш  намоем,  ки  арзишҳои  диниамон  барои  рушди  давлатамон  хизмат  намоянд  ва  ба  ҳаёти  маънавии  мо  ранги  тоза  бахшанд.

Боиси қайд аст, ки амалҳои террористии замони муосир хислати муташаккилиро касб намудаанд. Вазъияти Ироқу Сурия ва дигар кишварҳо, ки таҳти нуфузи гурӯҳҳои террористӣ қарор доранд ба ҳамагон равшан аст. Чи тавр зуҳуроти номатлубро пешгири бояд намуд? Пеш аз ҳама, маърифати ҳуқуқи ва сиёсии ҷавононро баланд намуда, муқаддас будани Ватан, модар, сулҳ ва арзишҳои дигарро фаҳмонидан лозим аст.

Мо  бояд  ба  наслҳои  ҷавон,  ки  идомадиҳандаи   рисолати  бузургу  таърихии   давтатдориамон  мебошанд,  пайваста  таъкид  намоем,  ки  аз  таассубу  хуруфотпарастӣ  ва  ифротгароиву   тангназариҳои  диниву  мазҳабӣ  дур  бошанд.  Инчунин  мо  вазифадорем,  ки  ҳисси  ифтихори    миллӣ  ва  ватандӯстиву    меҳнатпарастии  фарзандони  худро  тақвият  бахшем,  то  ки  онҳо  арзишҳои   фарҳанги   ғаниву  рангоранги  гузаштаи  миллати  худро  кадр  намоянд.

Мо ҷавонони саодатмандӣ давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва тамоми қишрҳои ҷомеа, даст ба дасти ҳам гирифта ба муқобили терроризм ин зуҳуроти номатлуби давр мубориза барем то ин ки сарзамини биҳиштосо, ором ва ободро аз ин ҳам ободтар созем ба наслҳои оянда мерос гузорем.

 

 Саидова З.З.

ассистенти кафедраи Ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *