МУТТАҲИДИИ НИЗОМИЁНИ ИДМ БА ОРОМИИ МАРЗИ БУМИ КИШВАР ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Мусаллам аст, ки имруз вазъи ҳарбиву сиёсии кишвари ба мо ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла вилоятҳои  Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо кишвари мо ҳамсарҳаданд, мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст.

Табиист ки хар давлат амнияту оромии ҳар халқу давлат аз сатҳи ҳифозати марзу бумаш вобаста мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин амр пайваста тадбирҳои муайяну мушаххас меандешад. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки тибқи нақшаи кории мақомоти низомии муштараки мудофиаи Иттиходи давлатҳои мустақил (ИДМ), санаҳои 5-10 августи соли равон, барои омодабошии комили ҷангии неруҳои низомиёни давлатҳои Тоҷикистону Росия ва Узбекистон дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”, ки дар масофаи 20 километр аз марзи Афғонистон ҷойгир мебошад, алҳол омодагии ҳаматарафа дида истодаанд. Бояд қайд кард, ки  дар маҷмӯъ, дар тамринҳо тақрибан 1,5 ҳазор сарбоз аз Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Бояд қайд кард, ки ҳадафи чорабинии мазкур, ин муайян намудани  сатҳи ҳолати омодобошии неруҳои низоми муштараки мудофиаи ИДМ дар ҳифзи марзи буми кишвар мебошад.

Метавон қайд кард, ки аз муттаҳидии неруҳои низоми муштараки  ИДМ ба оромии марзи буми кишвар тақвият бахшида, бешубҳа ин чорабинӣ, бахусус масъулияти ҷавононро дар омодагии барои ҳимояи Ватани хеш даҳчанд боло хоҳад бардошт. Онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ медоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон хоҳанд гашт.

                                   ВАЛИЕВ А.,

ассистенти кафедраи

 иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *