Тӯли чанд соли охир раванди бо суръат фурӯпошии нащзатищо ба таври чашмрас мушоҳида мешавад. Иттиҳоди мухолифони тоҷик, ки қаблан намояндагони аксари аҳзобу гурӯҳҳои мухталифи мухолифонро ҳадди ақал ба таври зоҳирӣ муттаҳид мекард, солҳои баъдӣ дар заминаи ихтилофҳои дохилии худ, яъне бархурдҳои байниҳизбиву байнигурӯҳии ИНОТ шурӯъ ба фурӯпошӣ кард. Аз ин буд, ки Кабирӣ ба хотири аз даст нарафтани мавқеи ҳизби худ, яъне ТТЭ ҲНИ ва дар назари сарпарастони бурунмарзии хеш ҳамчун нерӯи асосиву тамаркуздиҳандаи Иттиҳоди мухолифони тоҷик ҷилва додани он дар паи дигарбора сарҷамъ кардани гурӯҳҳои сиёсие шуд, ки бо Ҳукумати кишвар ихтилофи назар доштанд. Аммо ин талоши Кабирӣ натиҷа надод ва ҳизбҳову гурӯҳҳои қаблии мухолиф, ки аллакай дар ҳайати ИНОТ як маротиба фиреби ТТЭ ҲНИ-ро хурда буданд, нахостанд аз як сӯрох ду бор моргазида шаванд.
Аммо ба Кабирӣ зарур буд, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи сарпарастони манфиатҷӯи хеш ҳизби худро нерӯи асосӣ ва тамаркуздиҳандаи мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон диҳад. Расидан ба ин ҳадаф барои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ниҳоят зарур буд. Бо назардошти он ки онҳо амалан барои иҷрои ин кор қодир набуданд, маҷбур шуданд, ки ақалан ба таври зоҳирӣ ин ҳадафро бароварда кунанд. Усули зоҳиран амалӣ кардани ин ҳадаф он буд, ки Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ бояд ба таври сунъӣ якчанд ҳизбу гурӯҳҳои сиёсии мухолифандешро дар муқобили Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда баъдан онҳоро дар зери як чатр, ки дар дасти худи ӯ буд, муттаҳид” мекард. Маҳз ҳамин ҳадаф боиси дар муддати кӯтоҳ пайдарҳам таъсис ёфтани чанд созмони дуруғин шуда буд. Бо “муттаҳид” кардани ин ҳизбу гурӯҳҳои маснӯъӣ ва қуллобӣ М.Кабирӣ иттиҳоди мухолифинро бо номи “Паймони миллӣ” таъсис дод ва бо ин гӯё ба ҳадафи деринаи худ расид. Аммо бехабар аз он ки ин хона хонаи коғазин аст ва хонаи коғазинро ҳарчанд биороем, наметавонад ба дарди касе хурад. Сиёсати амалӣ фаъолияти мураккаби иҷтимоиест, ки ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ абзорҳои он мебошанд. Ин фаъолияти мураккабу душворро наметавон бо абзорҳои сунъиву дурӯғин ба роҳ монд. Феълан дар ихтиёри Кабирӣ, ки худро бозигари муҳиме дар арсаи сиёсии Тоҷикистон нишон додан мехоҳад, маҳз ҳамин гуна абзори коғазӣ бо номи “Паймони миллӣ” вуҷуд дорад, ки он фақат дар рӯи коғаз сабт шудааст ва онро ба ҷуз муассисону протоколнависонаш дигар ҳеҷ касе намояндагӣ намекунад. Ин “иттиҳод” аз пуштвонаи иҷтимоӣ ба куллӣ маҳрум аст.
М.Кабирӣ ва роҳбарони ин паймони сунъӣ чеҳраҳои дурӯғини сиёсиеянд, ки фақат барои ҳангомаҷӯӣ ва рӯзгузаронӣ жожхоӣ мекунанд. Онҳо хӯсаҳоеянд, ки хоҷагонашон ба воситаи онҳо мехоҳанд то ҳадди имконпазир буҳронзоӣ ва ҳаросафканӣ кунанд.
Додоҷони Атовулло ҳамчун яке аз чеҳраҳои шинохта ва собиқадори ҷабҳаи мухолифони тоҷик, ки қаблан ба ҳайати ИНОТ ҷалб шуда буд, айни замон аз ҳамкорӣ бо наҳзатиён изҳори пушаймонӣ ва ҳатто тавба карда, дар мавриди Кабирӣ, ТТЭ ҲНИ ва “Паймон”-и таъсисдодаи ӯ дар фазои маҷозӣ иттилоотеро таҳти унвони “Тавба ё розрез ба хотири 150000 нафар қурбониёни ҷанги бародаркуш” интишор додааст, ки бо он симои аслии ин хӯсаи сиёсиро тасвир кардааст. Додоҷони Атовулло, ки ҳизби наҳзатро моли Нурӣ ва “Паймон”-ро моли Кабирӣ ҳисобидааст, ҳамчун нафаре, ки ҷонибдори пешрафти Тоҷикистон аст, мегӯяд, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш “имрӯз боз ҷавонони соддадили навро ба майдон мехонанд. Ба Аврупо даъват мекунанд, ки ину он медиҳем. Мо Ҳукуматро гирем, вазиру сафир мешавед. Мо “проектҳои калон” дорем. Биёед, ба мо пайвандед, бароятон паноҳандагӣ мегирем”.
Бовар накунед. Ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист. Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист.
Бовар накунед, агар сад бор тавба кунанд.
Бовар накунед, агар сад бор савганд ёд кунанд.
Бовар накунед, агар ҳазор бор баёния пахш кунанд.
Бовар накунед, агар сад бор паймон бубанданд!”
Додоҷони Атовулло, ки солҳо бо наҳзатиён паҳлӯ ба паҳлӯ дар як саф фаъолият кардаасту онҳоро аз наздик мешиносад, дар бораи ин риёкорон мегӯяд: “Ҳама ҳарфашон дурӯғ аст… Намози онҳо дурӯғ аст. Мусалмонии онҳо дурӯғ аст. Одамияти онҳо дурӯғ аст”.
Додоҷони Атовулло барҳақ М.Кабириро чун дигар ҳаммаслакони наҳзатии ӯ фарди риёкору ноҷавонмард хонда, таъкид медорад, ки вай аслан ба ҷуз чанд “роҳмондаву вомонда” ҷонибдоре надорад. Ба қавли худи ӯ: “Насиҳатгарон аз чор канор машварат медиҳанд. Эътилоф кунед. Бо ҳам биёед. Ба хари кӯр ҳам маълум аст, ки эътилоф хуб аст. Аммо бо кӣ? Бо нафаре, ки муқаддасот надорад? Бо нафаре, ки худро ҷонишини Худо мешуморад? Бо нафаре, ки дар хунаш қатрае мардӣ ва ҷасорат нест? Бо як артисте, ки шунавандааш ду-се роҳмонда ва вомонда аст?”
Додоҷони Атовулло дар идомаи изҳори назари хеш мегӯяд, ки ин андешаҳо дар бораи Кабирӣ ва ҳамҳизбҳояш фақат дидгоҳи шахсии ӯ нест. На фақат мардум, балки тамоми мухолифоне, ки дидгоҳи мунсифона доранд, ба Кабирӣ чунин баҳо медиҳанд.
Дар воқеъ вақт довари ҳақиқат аст. Бо гузашти вақт мардум ва ҳатто ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ чеҳраи махуфи онро шинохтанд ва феълан аз он канор меҷӯянд. Онҳое, ки қаблан бо ин ҳизбу роҳбарияти он ҳамкориву ҳамсӯӣ мекарданд ва алайҳи Ҳукумати кишвари худ мавқеи сиёсӣ мегирифтанд, имрӯз дар заминаи огоҳӣ ва шинохти воқеият изҳори пушаймониву надомат менамоянд.
Иқрор бар хатои худ низ навъе аз ҷавонмардӣ аст. Ба хотири ободии Ватан бозгаштан аз роҳи хато ва по гузоштан дар масири сиёсие, ки боиси ҳифзи манофеи миллии мо ва таҳкими амну суботи сиёсии ҷомеаи кишвар мегардад, вазифаи ҳар фарди ватанпараст ва миллатдӯсте аст, ки шояд нохудогоҳона замоне мунҳариф шудааст. Аммо то ин ҳадди ташаккул ва таҳаввули фикрӣ ҳам афроде мерасанд, ки якрӯ ва меҳанпараст бошанд. Барои афроди дурӯяву хоине чун Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, ки дар умқи чоҳи таассуб ва гумроҳӣ афтодаанд, муҳол аст, ки аз он варта берун оянд.
Хусрави Шерзод, таҳлилгар