Митинбозиҳои оппозитсия

Оппозитсия дар Тоҷикистон калимаи номатлуб ва ғайриқобили қабул аст. Суннати нобихради вайронро, ки митинбозӣ мегӯянд, оппозитсия ривоҷ дод. Ҷанги шаҳрвандиро оғозгар ва таҳрикгараш оппозитсия буд. Нахустин гурӯҳҳои ғайримасъули ҷангиро оппозитсия аввал дар дохил ва баъдан дар хориҷи кишвар таъсис дод.
Чун ҳунари созандагӣ надоранд, он чӣ ки ба ботину зоҳири онҳо рост аст, ҳамин митингбозӣ мебошад. Садоҳо мерасанд, ки оппозитсияи фирорӣ ҳамчун усули асосии мубориза боз ба роҳпаймоиву тазоҳурот даст заданист. Он ҳам дар хориҷи кишвар.

Охир то кай шумо ифротиҳо сабри ин миллатро ба озмоиш мегиред. Андешаву ақл лозим будагист.
Боз ҳамон Аҳмади порина. Қомати букриро гӯр рост мекунад, рост мегуфтаанд. Ифротгароёни фирорӣ ва шариатмадори Тоҷикистон хилофи амалкарди миллӣ бо доман задан ба зуҳуроти сунъии хурофотӣ, бо ангезахои хоми нимамаҳаллӣ ва васвасавӣ, ки дар кишварҳои ғарб бинобар “таҳаммулапазирӣ”-и бериёи ҳомиёни ба ном “ҳуқуқи башар”, ҷойу макон ва луқма ноне аз қути лоямут пайдо кардаанд, ҷуръати хиёнатгунае барои такрори иштибоҳи таърихӣ –ташкили митингҳо кардаанд.
Ин лағзишҳои зиддитоҷикӣ, тасаввуре дар зеҳни таҳқикгарони воқеиятгарои муқими Точикистон ба вуҷуд овардааст, ки “Оё боз ҳам саҳви таърихии муллоҳои билетдор бозгашти бемайлони он ба сӯйи таҷрибаи риққатбори митинг ва гуруснанишинӣ такрор меёбад?
Ҷойиз ба ёдоварӣ медонем, ки ТТЭ ҲНИ тавонмандии сиёсӣ надорад, митинг созмон диҳад, чун он ташкилоти террористиву экстремистӣ мебошад. Паёмадҳои шарикӣ бо ҲНИ аз лиҳози амалгароии ҳуқуқӣ, ҳам хатарнок аст. Оқибатҳои ҳуқуқии ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ пайомади нек надорад.
Боз ҳамон торикфикрони порина, бо роҳандозӣ кардани митингҳо ба ҷиноятии зиддимиллие даст заданианд.
Гӯё дар қаламрави Тоҷикистон, Конститутсия амал намекунад ва кафолати озодии баёнро ин аслбохтаҳои решагумкарда ихтироъ кардаанд. Охир роҳе ки шумоякон афродакҳои инфиъолӣ меравед, ба Туркистон аст, яъне бо нокуҷо. Яъне барои иштирок дар ин гуна паймонакҳои шубҳаангез ҷавобгарии ҷиноятиро дар пай дорад ва аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ хоҳиш карда мешавад, дар ин қазия эҳтиёткор бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Сарбадори Меҳандӯст, таҳлилгар

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *