Дар сомонаи интернетии ифротии “Кимиёи саодат”, ки дар хизмати охундҳо ва ТТЭ ҲНИ мебошад, мусоҳибае бо Мавҷуда Соҳибназарова дар мавзуи Бадахшони Тоҷикистон нашр шудааст. Албатта наҳзатиҳо душманона мехостанд, ки дар ВМКБ ягон нооромие ба вуқуъ пайвандад. Чундиданд, ки инхоҳишашон нашуд, ба амалҳои иғвобарангезо надаст мезананд. Мусоҳибаи мазкур яке аз чунин амалҳои душманонаи наҳзатиҳост.
Мавҷуда Соҳибназарова, ки худро журналист меҳисобад, дар асл бо амалаш нишон дод, ки як шахси тангназар ва манфиатҷуест. Зеро дар Аврупо рафта, бо мақсади дарёфти қути лоямуте ба хизмати наҳзатиҳо камар бастааст ва имрӯз он чи ки мегуяду менависад танҳо баманфиати ҳамон террористонаст ва бар зарари мардуми кишвар, хусусан сокинони Бадахшон.
Дар аввали мусоҳиба ба таври сохтакорона саволҳое гузоштаанд, ки гуё расонаҳои мустақил ба Бадахшон дастрасӣ надошта бошанд. Мавҷуда Соҳибназарова изҳори ҳайронӣ мекунад, ки чаро вазъият ва мушкилиҳои ВМКБ то инвақт дар ВАО инъикос наёфтааст. Чунин ҳайронии вай нишонди ҳандаи онаст, ки худаш аз вазъияти Тоҷикистон ва хусусан Бадахшон тамоман бехабар аст ва ҳар чизе ки нахзатиҳо дар гушаш хонданд, ҳамонро мисли тутӣ такрор мекунад. Зеро ба ҳама маълум аст, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаҳо ва дигар васоити ахбори умум вазъияти тамоми минтакаҳои кишварамон, аз ҷумла ВМКБ мунтазам инъикос меёбад. Дар хусуси мушкилиҳои ин минтақа, фаъолияти сохторҳои қудратӣ барои пешгирии амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткор ва ҳифзи сарҳади давлатӣ мунтазам гузоришҳо ба воситаи телевизион намоиш дода мешаванд.Сабаби ҳами “хуфту хези” муллоҳоро хурдани Мавҷуда низ дарон аст, ки имрӯз резахури дастархони наҳзатиҳост.
Чунин ба назар мерасад, ки Мавҷуда Соҳибназарова бо супориши роҳбарони ҲНИ ва ба таври махсус мардуми Бадахшонро ба шур овардан аст. Ё мумкин мусоҳибаро худи Сайидюнус таҳия карда аз номи вай нашр карда аст. Ба ҳар ҳол вай хонандагонро баиштибоҳ андохтанӣ шуда, дар мусоҳиба фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии муташаккилро ба ҳодисаҳо ва амалҳои майдаавбошӣ баробар мекунад. Амалҳои ҷиноятиро, ки ҷинояткорон анҷом медиҳанд, беинсофона ба мардуми ВМКБ нисбат додааст. Фаъолияти сохторҳои қудратиро барои пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо нашармида “лашкаркашӣ” меномад. Бо туҳмату буҳтон тамоми гуноҳро ба сари кормандони мақомоти давлатӣ зада, чунин вонамуд мекунад, гуё дар онҳо ҷинояткорон умуман мавҷуд набошанд. Вай ҳатто зидди фаъолияти неруҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ буда, дарро ба рӯйи террористони хориҷӣ боз карданӣ аст.
Мавҷуда Соҳибназарова руйи рост туҳмат мекунад, ки гуё мақомоти марбутаи кишвар мардуми ин вилоятро “криминал” ҳисобида бошанд. Ҳол он ки гап дар бораи гурӯҳҳои ҷиноятӣ мерафт. Аз ин сабаб вай бояд барои туҳматҳояш, аз ҷумла барои бо порахурӣ айбдор кардани сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва ҳаммаслаку хизматгори террористони наҳзатӣ буданаш, инчунин барои барангехтани ихтилоф дар байни минтақаҳои кишварамон дар назди қонун ҷавоб гуяд.
Дар мавриди қочоқи аслиҳа низ вай хонандагонро ба иштибоҳ бурданӣ шуда, дар хусуси интиқоли яроқ ба Толибон афсонабофӣ мекунад. Ҳол он ки гап танҳо сари аслиҳае меравад, ки дар дасти ҷинояткорон аст ва бо он бар зидди мардуми ҳамин вилоят ҷиноятҳо содир карда мешаванд. Яъне мақсади Ҳукумат ҳифзи худи бадахшониҳо аз ҷинояткорон аст, на чизи дигар. Масъалаҳои марбут ба Толибону Афғонистон ва дигар мавзуҳои глобалӣ бошанд, бе Мавҷуда ҳам ҳал мешаванд.
Мавҷуда Соҳибназарова аз ақлу дониши худ хеле бештар гап зада, фаъолияти ободкоронаю созандаи Роҳбарияти давлатро дар ВМКБ нодида мегирад. Аммо ба фарқ аз вай мардуми шарифи Бадахшон талошҳои Сарвари давлатро барои пешрафти вилоят хуб дарк мекунанд ва ба қадри он мерасанд. Сокинони вилоят мефаҳманд, ки эродҳои Сарвари давлат ҳангоми мулоқот дар шаҳри Хоруғ ба кормандони мақомоти давлатӣ дахл дошт. Роҳбари кишвар дилсӯзона таъкид карданд, ки пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавад, то фаъолияти сохторҳо дурусттар амалӣ гардида, ин минтақаи зебои диёрамон боз ҳам тараққӣ карда тавонад.
Парвизи Мирзо, рӯзноманигор