Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тараққиёти илму техника, афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ин зуҳуроти экстремизм ва терроризм ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.
Имрўз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусиятӣ ҷаҳонӣ дошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолии худ дар арсаи байналмилалӣ доири самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол баромад менамояд ва ҳамкориро дар ин самт бо тамоми давлатҳои ҷаҳон ва сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ вусъат медиҳад.
Тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимои буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Солҳои охир, бархе аз хоинони миллат аз оромиву суботи Тоҷикистон истифода намуда мехоҳанд, бо ғояҳои ғаразноки ифротгароии худ, ҷомеаи моро ноором созанд. Хосатан, ҲНИ аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.
Мо кулли устодон ва донишҷӯёни факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ин амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИ-ро сахт маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.
Мо пайваста бо кӯшишу ғайрат ва такмили донишу малакаи хеш намегузорем, то ғояҳои муғризонаи ҲНИ ва гурӯҳҳои ифротгаро дар андешаву тафаккури мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон ҷо гиранд.
Дар ин раванд, тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза мебарем.
Намегузорем ва нахоҳем гузошт, то ҲНИ ба мақсадҳои нопоки хеш, ки ба ҷангу бедодгарӣ кашидани Ватани мост, ноил гарданд!
Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расем ва аз воқеаҳои ҷаҳон сабақ андӯхта, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон сарбаландона заҳмат кашем.
Кулли устодон ва донишҷӯёни факултети
тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи
Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ