Муроҷиатномаи Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи мамлакат.

Тавре қаблан хабар додем, тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил карда мешавад. Дар робита ба таҷлили ин ид муроҷиатномаи Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ ба мардуми шарифи мамлакат ба АМИТ «Ховар» ворид гардид ва онро манзури хонандагон мегардонем.

«Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифу сарбаланди мамлакатро бо фаро расидани Иди Қурбон табрику таҳният мегӯяд.

Бо қарори Шӯрои уламо таҷлили Иди Қурбон 31 июли соли 2020 муқаррар шудааст. Бинобар сабаби паҳншавии бесобиқаи бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани аҳолии мамлакат аз сирояти бештари он, тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад.

Иди Қурбон рӯзи хайру саховат ва дастгирии фақирону камбизоатон, бенавоёну ятимон буда, онҳое, ки қудрати қурбонӣ кардан доранд, бояд аз ҳоли фақирону мискинон бохабар шаванд.

Ҳикмати қурбонӣ он аст, ки мардуми камбизоат аз он баҳра баранд ва дар рӯзи ид ҳамроҳи дигарон шодиву сурур дошта бошанд. Дар ин маврид Пайғамбари Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Фақиронро аз суол намудан дар ин рӯз бениёз гардонед!».

Дар Иди Қурбон то се рӯз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Бо дарназардошти баргузор нашудани намози ид, тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ қурбонӣ бояд баъди тулӯи офтоб анҷом дода шавад.

 

Гӯшти қурбонӣ се тақсим карда шуда, қисме барои соҳиби қурбонӣ, қисме барои хешу табор ва ёру дӯстон ва қисми дигар ба одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд дода мешавад.

Хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзи ид мардум аз пухтани гӯшти қурбонӣ ва таом додани мардум худдорӣ намуда, онро ба хонаҳои кӯдакон, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон бурда диҳанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *