ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар» /. Олимони Донишгоҳи Калифорнияи Сан-Франсиско номи бемориеро, ки ҳангоми коронавирус хатари маргро 12 маротиба зиёд мекунад, гуфтанд. Дар ин бора портали «MedicalXpress» иттилоъ додааст, — хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мувофиқи пажӯҳиши густурдаи гирифторони бемории COVID-19, шахсони мубталои диабети қанд шаш маротиба бештар ба бистарӣ шудан дар беморхона ниёз доранд ва эҳтимоли фавти онҳо 12 маротиба зиёдтар аст. Инчунин ин беморӣ ба душвор шудани раванди маризии коронавирус мусоидат мекунад. Бемории қанд дар ҷойи дуюм пас аз бемории дилу рагҳо меистад, ки боиси пайомадҳои сангин ҳангоми сирояти коронавирус мешавад.
Профессори Донишгоҳи Калифорния Пракаш Дидваня ёдовар шуд, ки яке аз пайомадҳои мушкил ва ҷиддии диабети қанд- ин коҳиши эминии бадан аст. Илова бар ин беморӣ метавонад сабаби сактаи мағз, сактаи дил, вайроншавии торҳои асаби дасту пойҳо, фаъолияти гурдаҳо ва биноӣ гардад.
Муҳаққиқон ба беморони диабети қанд тавсия медиҳанд, ки фаъолияти ҷисмонии худро (то 150 дақиқа дар як ҳафта) зиёд намоянд, ба андозаи кофӣ хоб намоянд, ба худталқинкунӣ машғул шаванд ва нафаскашиашонро назорат намоянд.
Тибқи маълумоти онҳо, барои одамони гирифтори диабети қанд риоя намудани тамоми чораҳои эҳтиётӣ ҳангоми муошират бо дигар шаҳрвандон бисёр муҳим аст.Қаблан олимони Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир фарбеҳӣ, диабет, нафастангии шадид ва дигар бемориҳои роҳи нафас, инчунин бемориҳои музмини дил, ҷигар, асаб ва эминии баданро хатарнок ҳисоб менамуданд.
Мутобиқи маълумоти расмӣ, то 26 июли соли равон теъдоди мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон зиёда аз 16,1 миллион нафарро ташкил намуд ва аз ҷумлаи онҳо 645 ҳазор тан ҷон бохта, 9,2 миллион тан шифо ёфтааст. Миқдори бештари сироятёфтагон дар ИМА, Бразилия, Ҳиндустон, Россия ва Африқои Ҷанубӣ сабт шудааст.