Дар ДИС ДДТТ вохӯрии устодон ва донишҷӯён бо Сардори Шуъбаи кадрҳо ва КҲШ Азимзода Меҳваршо Аскар баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни донишкада муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2018 сол, инчунин талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар мавзӯи “Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва одоби ҳамидаи инсонӣ” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Байни донишҷӯён ва Сардори шуъбаи кадрҳо ва КҲШ Азимзода Меҳваршо Аскар саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.