ОЗМУНИ “ЧАКОМАИ ГЕСУ” ДАР ДИС ДДТТ

Дар ДИС ДДТТ фестивал – озмуни «Чакомаи гесў» баргузор гардид, ки дар он 20 нафар донишҷӯйдухтарон иштирок намуданд. Дар маросими ифтитоҳии фестивал – озмуни шаҳрии «Чакомаи гесў» барандаи ин озмун донишҷӯи курси дуюм Фарангиз Маҳмудова баромад намуда,  қайд кард, ки дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Дар ҳамин росто рушди бонизоми фарҳангу санъат, эҳёи суннату фарҳанги миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он самти афзалиятноки давлатдории тоҷикон қарор дода шуд.

Мавҷуда Мирпочоева, намояндаи МИҲД-и вилоят қайд кард, ки бо мақсади муаррифии сару либоси миллӣ, ороишу парвариши мўй, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии мўйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, намоиши гесўи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» фестивали мазкур баргузор гашта истодааст.

Донишҷӯён аз рӯи се шарт байни ҳам маҳорату истъдоди  худро нишон доданд. Шарти якум ороиш ва мӯйбофии қадима, ҳунари болои машшотаҳо ва бо ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ бо либосҳои хоси маҳал, шарти дуюм бадеаҳонӣ-ҳусну малоҳат ва таровати мӯй ба таври бадеӣ, шартии сеюм ороиш ва  мӯйбофӣ, ба тарзи замонавӣ мӯйбофии кӯдакона ба ҳисоб мерафтанд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамони фестивал – озмуни шаҳрии «Чакомаи гесў» аз рӯйи номиннатсияҳои “Гесӯи дарозтарин”сазовори ҷои аввал Умеда Икромова, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси информатикаи иқтисодӣ, чои дуюм насиби донишҷӯи курси якум Дилноза Бобоева, ихтисоси менеҷмент ва ҷои сеюм насиби донишҷӯи курси якум Шаҳноза Қайюмова, ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ гардид. Ба ҳар як иштирокчиёнин озмуни “Чакомаи гесу” аз ҷониби раёсати донишкада ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Дилафрӯз Ҳомидова

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *