Мулоқоти судманд бо вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ

Дар маҷлисгоҳи ДИС ДДТТ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд №13 Гулбаҳор Назирӣ бо устодону донишҷӯёни донишкада  вохурии судманд баргузор гардид. Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд  мулоқотро ифтитоҳ намуда, ҳадаф аз баргузории чорабиниро  шарҳ дод.

Гулбаҳор Назирӣ зимни мулоқот бо интихобкунандагон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва самаранок истифода бурдани ҳар порча замини наздиҳавлигӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.

Вобаста ба Муроҷиатномаи навбатии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Гулбаҳор Назирӣ аз ҷумла таъкид дошт, ки : “Бо  сабаби   сардиҳои шадиди оғози фасли  зимистон ва тӯлонӣ  пешбинӣ шудани  сардиҳои имсола  хавфи нарасидани  захираи об то охири зимистон дар обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» пеш  омадааст. Ҳоло  сатҳи обанбори  Неругоҳи барқи обии  «Норак» дар  муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта  чор  метр паст аст. Дар Тоҷикистон  дар солҳои соҳибистиқлолӣ  иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд ва  як силсила неругоҳҳои мавҷуда  таҷдиду навсозӣ карда шуданд.  Вале захираи об дар кишвари мо  то ҳанӯз фақат  ҳамин обанбори  Неругоҳи  барқи обии «Норак» мебошад. Илова бар ин, Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, ки он бо муваффақият фаъолият дорад ва ду агрегати неругоҳи «Роғун» муназзам кор карда истодаанд. Вале дар баробари ин талабот ба барқ дар мамлакат  сол то сол меафзояд”.

Зикр гардид, ки мақсад аз он пешгирӣ намудан аз  пурра сарф  шудани захираҳои об  буда, дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон,  зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи  оби обанбори  «Норак» имкони бекор кардани  маҳдудият ба назар гирифта шудааст. Агар ҳар як хонадон барқро сарфа намояд, мо зимистона дар пешистодаро бидуни мамоният паси сар хоҳем кард.

Дар ҷараёни мулоқот Наим Маликисломӣ, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ баромад намуда, аз устодону донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар соли таърихии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон бо азму иродаи қавӣ ва меҳнати суботкорона барои фардои дурахшони ватанамон ҷаҳду талоши созанда намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *