ҲНИ – дар ниқоби дини мубини Ислом

Шоҳид ҳастем, ки сиёсикунонии дин яке аз масъалахои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишвархои Шаркӣ мусалмонӣ гардида аст. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогӣ аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ваомили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд.      Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлхо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки факат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тариққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти Ҳизби наҳзати Исломии Точикистон ҳаракати мардумии “Растохез ки баъди интишори қонун “ Дар бораи иттиходияхои чамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ташкил ёфтан гирифтанд. ҲНИ  26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷахон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар даргузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрумшудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳиронаистифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафта истодаи Сурияи Араб, Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯз афзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байни мазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Азинҷост, ки ҷомеаи ҷахонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995  миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иктисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯзшуданро мақоми худ кардааст фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ ғарбарошуда корвони худро аз мамлакатхои Шарқ баҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интикол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террорисии ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда ҳайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилхои харобкардаи худ канданӣ нест,  балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишҳои онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки онро ба ҳадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо “ Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гурӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ  хама вакт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онхоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумхурӣ катъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷахон фаъолиятхои гурӯхи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иктисодиёти ҷумхурӣ саҳми худро гузорем. Дар шароити ҳозира маркази исломшиносӣ дар назди  Президенти Ҷумхурии Точикистон  ҳамчун маркази илмии таҳлилӣ бо масъулияти калон ҳуқуқ ваӯхдадориҳои худро иҷро карда истодааст.

 

Ҷумаев А. н.н.и., омӯзгори ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *