Муаррифии директори нави донишкада

 Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд муаррифии директори нави донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан баргузор гардид.  Мавсуф дар ин вазифа номзади илмҳои иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзодаро иваз намуд, ки муддати 5 сол роҳбарии ин муассисаи олии таълимиро бар ӯҳда дошт.

Дар муаррифии директори нави донишкада муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлуба Амонзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ширкат варзиданд.  Сатториён Матлуба Амонзода перомуни нақши донишкада дар омода кардани мутахассисони варзида изҳори назар карда, фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатиро таҳти сарварии Олимӣ Рауф Латифзода дар панҷ соли охир мусбӣ арзёбӣ кард.

Аз номи ҷомеаи меҳнатии донишкада муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Инъомҷон Аминов барои фаъолияти пурсамар ба Олимӣ Рауф Латифзода изҳори миннатдорӣ намуд.

Сипас Олимӣ Рауф Латифзода зимни суханронӣ ба ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишкада барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои арзанда дар тӯли фаъолияти корӣ самимона арзи сипос намуда, ба директори нави донишкада дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо таманно кард.

Дар ҳузури устодони донишкада номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан суханронӣ карда, таъкид намуд, ки барои сазовор гаштан ба боварию эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод ҷаҳду талошҳои созанда менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *