Парчами миллӣ –муаррифгари давлату миллат

«Парчами давлатӣ барои тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, Ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

 Яке аз нишонаҳое, ки мамлакат ва миллатро муаррифӣ мекунад, ин Парчам мебошад. Парчамро рамзи асосии кишвар дар тамоми дунё медонанд. Хусусан, барои миллати тоҷик Парчами миллӣ воситаи ифтихор ва худшиносии ҳар кадом аз шаҳрвандон аст.

24-уми ноябр дар раванди дигаргуниҳои кулли дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд. Эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокинони Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.

Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст».

Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузори ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолаи таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаҳои шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Файзи Истиқлолияти Тоҷикистон аст, ки дар ҳамаи давлатҳои дунё Парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекунад ва ҳар шаҳрванди тоҷик  бо ифтихор аз ватани худ метавонад, дар тамоми олам умр басар барад. Ҷавонони бонангу ори тоҷик дар ҳамаи чорабиниҳои байнидавлативу байналмиллали ҳамеша Парчами давлатамонро баланд мебардоранд.

Соли 2011 баландтарин парчами дунё, ки дар шаҳри Душанбе сохта шуд ва ба китоби Рекорди Гиннес дохил гардид, ки баландиаш 165 метр, дарозиаш 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил мекард ва ба ҳусни зебои пойтахти кишварамон ҳусни дигарро зам намуд.

Парчамбардорӣ ва парчамдорӣ ифтихори ҳар як ватандор аст. Парафшонии Парчам аз фатҳу қуллаҳои баланд ва ғалабаи мо тоҷикон дар ҳамаи соҳаҳо шаҳодат медиҳад ва ҳамчунин нишонаи сулҳу ваҳдат ва осоиш дар кишвари  Тоҷикистон аст.

 

 

Маннонова Раъно,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *