МУҲИДДИН КАБИРӢ – АВРУМУЛЛОИ ХИЁНАТКОР!

Муҳиддин Кабирӣ таи чанд соли охир аст, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати обрӯву нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дурӯғу бемазмунаш дар тамоми дунё паст задан мехоҳад. Санаи 30 майи соли равон Кабирӣ тибқи супориши навбатии хоҷагонаш боз дар шабакаи иҷтимоӣ созмони таъсисдодаш, ки Паймони миллӣ ном дорад, чун евромуллои хиёнаткор баромад намуда, худро “сиёсатмадор” шуморида, доир ба қазияи Исфара сухан кард. Бо баробари ин кулли мардумони кишваррро зери танқид гирифта, нисбати вазъияти имрӯзаи Артиши миллии Тоҷикистон ва аскарон шарм надошта эрод гирифт, ки он ягон асос надорад. Ин чӣ маъно дорад. Қаблан худро “сиёсатмадор”  мешуморид, имрӯз доир ба вазъияти Артиш гап мезанад. Гуё, ки солони тӯлони дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон хизмат карда бошад. Инчунин нисбати миллати қирғиз сухан карда, онро ҷавонмардон шуморида, боз бо найранги рубоҳиаш онҳоро ба худ ҷалб карда, зидди кишвари мо равона карданист. Воқеан М. Кабирӣ нафақат ба давлату миллат, балки ба шарикони ҷинояти худ хиёнат кардаааст ва инро имруз эҳсос карда, бо баҳонаи ҳимоя намудани миллати кирғиз собиқ роҳбари ҲНИ-и шаҳри Исфара бо номи домулло Наим ва Зайд Шеровро аз ҳабсхона озод карданист. Инчунин дар бораи озод намудани Иззат Амон сухан кард. Ҳол он, ки дар назди қонун гунаҳкор будан ва набудани ӯро танҳо Суд муайян мекунад.

Дар рафти баромадаш оид ба ҷанозаи шаҳидон ширкат намуданаш иброз дошт. Бояд хотиррасон кард, ки М.Кабирӣ ҷанозаи модараш иштирок накарда буд ва баҳона карда буд, имрӯз низ он ҳамон баҳонаро чун “тутии сухангӯ” такрор  кард.

Наҳзатиён, бахусус аз М.Кабирӣ пурсида мешавад, ки барои ҷомеаи тоҷикистонӣ ғайр аз иғвою дасиса, тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос, хиёнату фосиқӣ, бешарафию беномусӣ чӣ нафъе овардед, ки ба ҳаёти осоиштаю ороми босуботи мо сангпартоӣ мекунед. Фармоиши хоҷагонатонро бобати сиёҳкардани мардуми заҳматкаши неъматофар иҷро мекунеду бадзотиатонро исбот. Муҳиддин Кабирӣ, ки худро соҳибдори Паймони миллӣ ва ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ метарошаду ҷонибдорони ангуштшуморашро намояндагӣ дорад,  худро “адолалатпарвар” нишон медиҳад. Набояд фаромӯш кард,ки ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияташ ба ягон мамлакат ҳуҷум накардааст, ба ягон мамлакат бо чашми ҳирс нигоҳ накардааст, дар таърих то имрӯз бо роҳбарони оқилу сулҳофар, миллатпарасту ғамхораш ном баровардаасту бас.

Хулоса суханҳои М.Кабирӣ-аврумуллои хиёнаткор ва ҳодисаи барои халқу миллати мо хос набударо сахт маҳкум карда, даъват менамоем, ки имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки аз падидаҳои нохуши руйдода хулосаи зарурӣ бароварда, барои тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳи миллию худшиносӣ беш аз пеш талош варзем. Дӯст доштану ҳифз кардани ин сарзамини ачдодӣ, ободу зебо гардонидани ватани биҳиштосо, неруманду пуриқтидор сохтани давлати тоҷиконро бояд ҳар як фарзанди бонангу номуси ин марзу бум вазифаи имониву виҷдонии худ шуморад ва дар ҳама ҷой бо сарбаландӣ изҳор намояд, ки: “Ман точикам! Ман вориси Исмоили Сомониву Балъамӣ, Рудакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҳофиз, Ибни Синову Мавлоно, Саъдиву Камол, Имом Ғазоливу Имоми Аъзам ва садҳову ҳазорон фарзонаҳову алломаҳо ва бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихорманду сарбаланд ҳастам”.

      Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда, бахусус ҷавононро мебояд, ки аз гузашта бештар ва аз имрӯза хубтар бо руҳияи баланду болида ва ифтихору қадрдонӣ кӯшишу ғайрат намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯстамон камари ҳиммат баста пайваста созанда ва бунёдкор хоҳанд буд.

                                                       Ф.Мамадҷонов, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *