Санаҳои 14-15 апрели соли 2021 таҳти роҳбарии мудири шуъбаи магистратура ва докторантураи МДТ “ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд” н.и.и., дотсент Раҳматова З.И. ва бо иштироки роҳбарони таҷрибаомӯзии пешаздипломии кафедраи молия ва қарз Ҳафизова Р.А. ва Орифҷонова Д.И. мониторинги раванди таҷрибаомӯзии хатмкунандагони шуъбаи рӯзона дар объектҳои таҷрибаомӯзӣ: филиали БДА ҶТ “Амонатбонк”дар вилояти Суғд, ҶСК “Бонки Эсхата”, филиали ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, дар шаҳри Хуҷанд, Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд, ТАҚХ “Имон Интернешнл” гузаронида шуд.
Натиҷаҳои мониторинг нишон доданд, ки ҳамаи хатмкунандагон саривақт ба объектҳои таҷрибаомӯзӣ ҳозир шуда, бо ҳама гуна амалиётҳо, шуъбаҳо, низоми иттилоотии компутерӣ шинос гардида, таҷрибаҳои корхонаҳоро омӯхтанд ва савияи дониши худро баланд бардоштанд. Чизи муҳиме ки ба назар расид, он буд ки роҳбарони таҷрибаомӯзӣ аз истеҳсолот аз донишу малакаи хатмкунандагон қаноатманд монда, якчанд нафари онҳоро пас аз хатми донишкада ба кор даъват намуданд.
Механизми бақайдгирии корхонаҳои таҷрибаомӯзӣ хуб ба роҳ монда шуда буд, зеро ки роҳбарони таҷрибаомӯзӣ аз корхонаҳо дафтари махсуси омаду рафти хатмкунандагонро ташкил намуда буданд ва ҳар рӯз омаду рафти хатмкунандагон ба объекти таҷрибаомӯзӣ қайд карда мешавад.
Ҳангоми мониторинг хатмкунандагон ба мо якчанд амалиётҳо, барномаҳоеро, ки дар рафти таҷрибаомӯзӣ омӯхта истодаанд, нишон дода, пешниҳод намуданд, ки хуб мешуд агар муаллимони донишкада дар раванди дарс аз лоиҳаҳо, барномаҳое, ки дар корхонаҳо барпо шудаанд, васеъ истифода мебурданд ва ба донишҷӯён дастрас менамуданд.
Умуман, мониторинги раванди таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ нишон дод, ки хатмкунандагон бо масъулият ва омодагии баланд дар ҷараёни кори объекти таҷрибаомӯзӣ иштирок намуданд.