ХИЁНАТИ НАҲЗАТИҲО ДАР НАЗДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Роҳбарони ҲНИ дар замони мавҷудияташ ахиёнат ба миллат анҷом дода, ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд. Воқеан наҳзатиён дар вуҷуди беҳувияти ва бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буда,  ба ҷуз иҷрои дастури сармоягузоронаш дигар коре надоштанд. Собиқ аъзоён ва роҳбари ҲНИ пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам аз ғаразу ҳамоқатҳои худ даст накашида, ба тарзи мудовом ба террори давлатӣ машғул шуд.Аз имконҳое,ки дар заминаи ин созишнома ба даст оварда буд, истифода карда, кӯшид то ҷомеаро сахт мазҳабиву хурофотӣ ва таасубзада намояд. Афкори пучи ҲНИ зеҳни даҳҳо ҷавононро мағшуш карда, сабаби ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳоро гардид. Ҳама амалҳои наҳзатиён хиёнат буд ба давлат, хиёнат ба миллат, хиёнат ба Ватан ва хиёнат ба ҳамаи муқаддасоти ин марзу бум. Воқеан ҳиёнат бадтарин амал аст, ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад. Аксари қонуншиканҳо ва ноором сохтани вазъи ҷомеа аз ҷониби аъзо ва раёсати ТТЭ ҲНИ коргардонӣ шудааст. Аз ин рӯ, дар поймол кардани принсипҳои созишномаи сулҳ низ иттиҳоми асосӣ ба худи ТТЭ ҲНИ бармегардад ва равшантарин далели он ба мисли Абдуҳалим Нзаразода аст, ки даст ба силоҳ бурд ва боиси куштору хунрезӣ гардид. Имрӯз низ наҳзатиёни фирорӣ, дар кишварҳои Аврупо қарор дошта, боз тибқи супоришҳои навбатии хоҷагонаш ба ҳар кори номатлуб ва ношоиста даст зада истодаанд. Бояд қайд кард, ки аҳли ҷомеа найрангҳои ононро медонанд. Наҳзатиҳо яке аз аввалин афроде мебошанд, хиёнатро ба миллату мазҳаб кардаанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст, ки ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи кишварҳои бегонаро зидди миллату ватани худ амалӣ кардан мақсад дорад. Бо боварии комил метавон қайд кард,ки имрӯз ягон нақшаи палидонаи хоинони миллат барои нооромии Тоҷикистони азиз кор намеояд, зеро халқи тоҷик симои разилонаи ин гуна шахсонро медонад ва мешиносад. Аз гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз ҳар як фарзандаш меболад, мефахрад, дӯст медорад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунад.

Раҳматова З., мудири шуъбаи магистратура

ва докторантураи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *