Дар рўзҳои охир тамоми мардуми сулҳдўст огоҳ аз он аст, ки ҲНИ таи чанд сол лиқоби қалбакии худро пўшида ба мардумфиребӣ машғул аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дини мубини исломро дар шакли ғалат тарғибу ташфиқ карда одамон махсусан ҷавононро бо роҳи нодуруст бурда истодаанд.
Агар ба фаъолияти ТТЭ ҲНИ назар афканем , ба осонӣ фаҳмидан мумкин аст, ки ба ин ташкилотҳо ифротгарон шомил шудаанд ва оилаҳои худ ва бисёр дигар оилаҳои ҷавонро дар хатар монда ояндаи худро месўзонанд. Бархе аз ифродгарон мехоҳонд бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд. Бисёр шигифтангез аст, чунин афрод зомини марги 150 ҳазор шаҳрванди бегуноҳи кишвар шуданд ва хиёнат ба Ватан ва мардуми он карданд. Онҳое, ки солиёни дароз бо дасисабозову гумроҳкунии мардум даст заданд , ба миллату ватану дину мазҳаби худ хиёнат карданд. Мутаассифона , дар ҷомеаи мо низ аломатҳои чунин зуҳуроти номатлубро мушоҳида намудан мумкин аст. Ин падидаҳои номатлуб барои мардуми азияткашида, сулҳдўст ва ватанпарвари тоҷик шинос буда, баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ бо ин зуҳуроти номатлуб рўбарў гашта, аз «шарбат» -и он чашида буд , ки он ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Мо хуб медонем, ки ватани маҳбуми мо, ки шиораш танҳо сулҳу оромии мардум аст, ба сар бардоштани чунин ташкилотҳо роҳ намедиҳад ва барои бехатарии мо доимо тайёр аст мубориза барад.
Мардуми ватанпарасти мо солҳои зиёде дар фарози Истиқлолият бо дарки хештаншиносӣ ва огоҳии сиёсӣ борҳо бо чунин гирудорҳои сиёсӣ бархўрд кардаву паёмадҳои чунин фитнагариҳоро оянданигарона дарк мекунад. Аз ин рў сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда намегузорем , ки дигарбора вазъияти ороми кишвар ба ҷунбиш ояд ва бо меҳнати фидокоронаи худ гуфтанием, ки мо доимо ин иқдомро дасгирӣ мекунем ва насли наврасро дар руҳияи ватандўстӣ ва меҳнатдўстӣ тарбия мекунем.
Муаллимаи калони кафедраи
забонҳои хориҷӣ Зарипова М