Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ

Санаи 7 июни соли 2019 дар Кохи «Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Дафтари минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Суғд,  бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзўи: «Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор шуд.

Кумитаи барномавии конфронс аз ҳайати олимони варзида, мутахассисону иқтисодчиёни пуртаҷриба аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон иборат мебошад. Минҷумла, Анвар Яъқубӣ – муовини Раиси вилояти Суғд, Олимӣ Рауф Латифзода – директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои география Лазитская Н. Ф. – директори Донишкадаи иқтисодӣ-гуманитарии муассисаи давлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи федералии ба номи В.И. Вернадский (Федератсияи Русия), номзади илмҳои иқтисодӣ Тсибулская Л.А. – мудири кафедраи менеҷмент ва доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Рябтсева – мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар Донишкадаи иқтисодӣ-гуманитарии муассисаи давлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи федералии ба номи В.И. Вернадский (Федератсияи Русия), номзади илмҳои иқтисодӣ Измайлов А.Т.- дотсенти  кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар Донишкадаи иқтисодӣ-гуманитарии муассисаи давлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи федералии ба номи В.И. Вернадский (Федератсияи Русия), Олимзода Ф. – роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Хоҷабегян Л. – директори Ассотсиатсияи бизнеси байналмилалӣ ва технология (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Кӯчқоров А. – директори генералии шабакаҳои коворкинг-марказҳои Ground Zero (Ҷумҳурии Ӯзбекистон).

Конфронсро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирпочоев Далер дар ҳайси модератор ба роҳ монда, суханро ба баромадкунандагон дод. Ба кори конфронс директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ҳусни оғоз бахшида, ширкаткунандагон, аз ҷумла: кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, олимон, соҳибкорон,  мутахассисони соҳа ва меҳмононро самимона хайрамақдам гуфтанд. Эшон зикр намуданд, ки ҳадафи чаҳоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии босуръати иқтисодиёт ва ба ин васила баланд намудани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ амри муҳим буда, роҳу равиши он таҳлилу баррасии амиқро аз тарафи ниҳодҳои илмӣ ва дигар сохторҳои иқтисодӣ тақозо менамояд, мақсади аслии конфронс аст. Аз ин лиҳоз, дар ҳамоиши мазкур донишмандону мутахассисони баландпояи соҳаи иқтисод аз донишгоҳҳои олии кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Булғория ва дигар макотиби олии кишварамон ширкат менамоянд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ паёму дуруди Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба кулли иштирокчиёни конфронс расонида, дар баромади пурмӯҳтавояшон оиди масоили муҳими иқтисодиёти кишвар, самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ, имкониятҳои одилонаи рақобат дар ҷаҳон ва алалхусус саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар эълон ва амалӣ намудани чаҳор ҳадафи стратегии кишвар: истиқлолияти энергетикии кишвар, яъне сохтмони якчанд нерӯгоҳҳои барқии обӣ, алалхусус НБО-и Роғун, пурра бо нерӯи барқ таъмин намудани кишвар ва табдил ёфтани Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқ; баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, яъне сохтмони роҳҳои нақлиётгарди стандарти ҷаҳонӣ, нақбҳо, пулҳо ва ба ин васила баромадан ба бозори бузурги кишварҳои ҳамсоя ва минтақа; таъмини амнияти озуқавории кишвар, яъне гузаронидани ислоҳоти замин (67 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилояти Суғд ташкил шудаанд), ташкили ҷойҳои корӣ ва ба ин восита кам намудани миқдори муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди интенсивии 7%-и соҳаи кишоварзӣ дар асоси ворид намудани технологияҳои нав, навъҳои нави тухмӣ, сохтмони гармхонаҳо, зиёд намудани коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ; саноатикунонии иқтисодиёти кишвар ва пайванди он бо истифодабарии аз имкониятҳою захираҳои мавҷудаи табиӣ, иқлимӣ ва кишоварзию инсонӣ суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми баромадашон кулли иштирокчиёнро ба сарҷамъӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат, ватандӯстӣ ва меҳнати холисона барои рушду нумӯи кишвар даъват намуда, ба кори минбаъдаи конфронс комёбиҳо орзу намуданд.

Сипас, маърӯзаи ҷолиби директори Ассосиатсияи бизнеси байналмилалӣ ва технология дар рушди тиҷорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хоҷабегян Ларина оид ба самтҳои рушди соҳибкорӣ дар Ӯзбекистон, мустаҳкам намудани робитаҳои соҳибкорон бо шарикони дохилаю беруна ва аҳамияти ин равобит шунида шуд, ки аз тарафи аҳли толор мавриди саволу ҷавоб қарор гирифт.

Дар идомаи конфронс баромади мудири шӯъбаи робитаҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоя Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Мирзоён Мирзоманнон ироа гашт, ки маърӯзачӣ оид ба бурду бохти Минтақаи озоди иқтисодии Суғд маълумоти муфассал дода, дурнамои фаоъолияти минтақа ва самтҳои афзалиятноки рушди онро асоснок намуд.

Сардори департаменти маркетинг ва рушди Бонки “Эсхата” Фурқатулло Исматуллоев бо маърӯзаи “Таъсири маҳсулоти бонкӣ ба рақобатпазирии соҳибкорӣ (дар мисоли ҶСШК Банк Эсхата)” баромад намуда, рисолати Бонки “Эсхата”-ро дар таъмини ҳисобаробаркуниҳои муосир ва боэътимод, аз қабили аккредитив, пешниҳоди қарзҳои хурд барои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, воситаҳои асосӣ, воситаҳои гардон, соҳаи савдо ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна муаррифӣ намуд.

Мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ Саидқосим Мухторов нақши донишгоҳҳои олиро дар пурзӯр намудани фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва ба ин васила бо ҷои кор таъмин намудани ҷавонон, роҳандозӣ ва мутобиқгардонии раванди таълим ба принсипҳои Болонӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, ба пурра аз нав кардани барномаҳои таълимӣ ва зич намудани робитаи донишгоҳҳо бо ширкату корхонаҳо тавсия дод.

Мудири кафедраи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи байналмилалии ДДҲБСТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бахтиёр Самадов дар мавзӯи “Ҷанбаҳои ҳуқуқии асосҳои конститутсионӣ дар амалӣ гаштани фаъолияти соҳибкорӣ дар баъзе давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай” асосҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории Тоҷикистонро бо кишварҳои Чин ва Русия оид ба ҳимояи ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва танзими давлатии иқтисодиёт мавриди омӯзиш қарор дода, иқдомҳои ҳукумати кишварро дар роҳи ташкили шароити мусоиди соҳибкорӣ шарҳу тавзеҳ дод.

Мудири кафедраи молия ва қарзи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои иқтисод Сайидмуродхон Мамадов дар баромади худ муаммоҳои ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон, сабабҳо ва тамоюлҳои раванди дезинтегратсия дар муносибатҳои иқтисодии кишварҳои ҳамҷавори Осиёи Марказӣ, масъалаҳои шомилшавии Тоҷикистон ба созмонҳои иқтисодии минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва лоиҳаи чинии “Як камарбанд – як роҳ”-ро дар асоси маводи фаровони рақамӣ ҳаллу фасл намуда, самтҳои афзалиятноки қавӣ намудани робитаҳои берунаи Тоҷикистонро дар масири “Роҳи бузурги абрешим” ва тамсилаи муосири он “Як камарбанд – як роҳ”, бо роҳандозии ислоҳот дар низоми ниҳодҳои давлатӣ, бартараф намудани маҳдудиятҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, созмон додани бозори ягонаи захираҳои обию энергетикӣ, ташкили бозори минтақавии меҳнат, ҷалби сармоягузорон ва кластерикунонии иқтисодиёт тавсия намуд.

Муовини Раиси Ассосиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Сангин дар мавзӯи “Нақши Ассосиатсияи соҳибкорони хурду миёна дар беҳтар намудани иқлими соҳибкорӣ ва рақобатпазирии кишвар” баромад намуда, оид ба вазифаҳои ассосиатсия ва муаммоҳои фаъолияти соҳибкорӣ ибрози назар намуд. Мавсуф ба тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамчун омили асосии рушди иқтисодӣ ва баланд шудани рақобатпазирии иқтисодиёт таъкид намуд.

Минбаъд фаъолияти конференсияи байналмилалии илмї-назариявии “Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ” дар бахшњо идома ёфта, зиёда аз 170 маърўза пешнињод ва муњокима гаштанд. Кори бахшҳо, ки санаи 8-ум аз соати 8 оғоз гашт, дар панҷ бахши мутаҳҳид идома ёфта, масъалаҳои марбут ба баланд намудани рақобатпазирӣ ва саноатикунонии кишвар, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ва рақамигардонии иқтисодиёти кишвар, мақому нақши иқтисодиёти Тоҷикистон дар минтақа ва ташкилоту иттиҳодҳои иқтисодӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои аслии иқтисодиёт ҳаллу фасл шуданд.

Маърӯзаю мақолаҳои баромадчиён мавриди баҳогузорӣ қарор дода шуда, беҳтарини онҳо бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо сазовор гаштанд. Кулли иштирокчиён дар ҷамъбасти кори конфронс бо сертификатҳои махсус қадрдонӣ шуда, маводҳои конфронс баъди таҳрир ва ҷобаҷогузорӣ дар ояндаи наздик ба чоп хоҳанд расид.

Маъмурияти ДИС ДДТТ ба шарикони худ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ба роҳбарияти Дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ дар шаҳри Хуҷанд, маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва баромадчиёну кулли иштирокунандагон барои саҳми арзандаашон дар баргузории кофронс изҳори миннатдорӣ менамояд ва умед дорад, ки натиҷаҳои кори конфронс баҳри баланд гаштани иқтидори рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Содирхон Умаров
муаллими калони кафедраи
иқтисодиёти ҷаҳон ДИС ДДТТ

IMG_0512
IMG_0514
IMG_0518
IMG_0521
IMG_0546
IMG_0530
IMG_0555
IMG_0532
IMG_0567
IMG_0535
IMG_0537
IMG_0539
IMG_0547
IMG_0571
IMG_0620
IMG_0572
IMG_0775
IMG_0578
IMG_0739
IMG_0579
IMG_0597
IMG_0603
IMG_0781
IMG_0606
IMG_0608
IMG_0631
IMG_0665
IMG_0702
IMG_0796
IMG_0715
IMG_0729
previous arrow
next arrow
IMG_0512
IMG_0514
IMG_0518
IMG_0521
IMG_0546
IMG_0530
IMG_0555
IMG_0532
IMG_0567
IMG_0535
IMG_0537
IMG_0539
IMG_0547
IMG_0571
IMG_0620
IMG_0572
IMG_0775
IMG_0578
IMG_0739
IMG_0579
IMG_0597
IMG_0603
IMG_0781
IMG_0606
IMG_0608
IMG_0631
IMG_0665
IMG_0702
IMG_0796
IMG_0715
IMG_0729
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *