МО БА ХОИНОНИ МИЛЛАТ НАФРАТ ДОРЕМ!!!    

Ватан-муқаддастарин дороии ҳар як шахс ва бани башар аст.  Хуш ба ҳоли онҳое, ки соҳибватан мебошанд ва онро бо ҳама буду набудаш чун модар азиз ва гиромӣ медоранд. Бино ба қавли маъруф “Дӯст доштани Ватан аз имон аст”.  Пас нафаре,  ки ба Ватан аз таҳи дил хизмат мекунад ва обу хоки онро азиз медорад, ҳикмати мазкурро адо мекунад. Лозим ба зикр аст, ки дар баробари ашхоси зиёди ватандӯсту ватанпарвар, мутаассифона, дар ҳар давру замон афроде ба назар мерасанд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо намерасанд ва бар ивази хизмат ба Ватан ба он хиёнат мекунанд. Он нафаре, ки эҳтироми Ватан, давлат, забон, миллат ва муқаддасоти кишвар намекунад, бешак наметавонад  эҳтироми азизони худ- падар, модар, ҳамсару фарзандони худ ба ҷо орад.  Масалан яке аз афроди фирорӣ Муҳиддин  Кабирӣ боз дар хориҷи кишвар умр ба сар мебараду мардуме, ки аз паси ӯ рафта гумроҳ шуданд, дар назди хешу ақрабо ва ҷамъият шармсоранд. Маълум  аст, ки ӯ ҳаргиз ва дар ҳеҷ куҷо забон ба дастгирии манфиатҳои миллӣ накушодаасту намекушояд. Ҳар ҷое сафар анҷом диҳад, зарбаи нахустинаш бар решаи ҳайсияти миллии тоҷикистониён мерасад.  Кӯшишаш ҳарчи бештар бечоранолию ҳақир нишон додани худу миллаташ аст.  Мисли гадое, ки ҳарчанд сер аст, аз табиати ғуломи нафс гаштааш, бо ниҳояти зорӣ худро нотавону афтодатар пешкаш месозад. Барои гадо фарқ  надорад: новобаста аз миллату қавму наҷод, дину ойин аз ҳама металабад. Гурӯҳе аз хоинон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз ин ҳама зиёну харобӣ ва кушторҳо панд нагирифтанд ва то ба имрӯз берун аз кишвар мехоҳанд, амну  осудагии кишварро халалдор созанд. Ёдовар шудан бамаврид аст,  пас аз тамошои  қисмҳои 1-5-уми филми мустанади «Хиёнат»  кас  дар ҳайрат  мешаваду  мегӯяд, ки наход одамӣ то ин дараҷа нисбати Ватан, бузургони миллат ва ҳамзабонони худ хиёнатро раво бинад. Барои пулу моли андак ба обу хок, хонавода, азизону пайвандони худ хиёнат намояд ва берун аз Ватан бар зидди Ватан ва ҳамватанони худ душманӣ кунад.  Метавон таъкид кард, ки М. Кабирӣ аяке аз сабабагори бесарусомонӣ ва тамоми хушунатҳои диниву ақидавӣ дар Тоҷикистон аст. Ташкилоти террористӣ-экстримистии ҲНИ-ро ба гурӯҳи хонаводагӣ табдил дода, пулҳои бавоситаи хориҷиён ба ин ташкилот воридмешударо байни оилаи хеш тақсим менамудааст.  Ҳар рӯз ба воситаи телевизион баромада, ҳукуматро дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ сиёҳ месозад ва бо ҳамин обро лой карда моҳӣ доштанӣ мешавад. Чунончӣ санаи 15 апрели соли равон М.Кабирӣ дар нишасти маҷозии донишҷӯён ва фаъолони эронии ҳавзаи байналмилалии ҷаҳони ислом дар донишгоҳи калонтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия” баромад намуда, боз ҳамон суханҳои бардурӯғи худро давом дод.  Таҳлилҳо собит менамояд, ки  аксарияти масъулони бахши идеологии ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ фаъолият доранд, хатмкардагони ҳамин донишгоҳи бузурги террористӣ мебошанд. Бояд ёдовар шуд, ки санаи 8-уми декабри соли 2020-ум аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ИМА донишгоҳи мазкур ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ таҳрим шудааст. М.Кабирӣ бо анҷоми ҳамин кор фикр мекунад, ки вай муваффақ шуда, мансабро, ки орзӯи деринааш ба шумор меравад, ба даст меоавард. Маҳз амсоли ҳамингуна амалҳои нопоки наҳзатиён  боис шуд, ки наздиктарин шахсон ва пайвандони онҳо аз онҳо рӯй тофтанд ва номи онҳоро на чун пайванду хеш, балки душману хоини миллату Ватан ва давлати соҳибистиқлол ба забон мегиранд. Чунончи, Маҳмадалӣ Раҳматуллоев- додарарӯси М. Кабирӣ, Ҳикматулло Сайфов- собиқ  ронандаи   М. Кабирӣ, Ҷамшед Нарзуллоев- писараммаи  М. Кабирӣ  аз макру фиреб ва хиёнати  М. Кабирӣ ёд карда, амалҳои ӯро сахт накӯҳиш кардаанд.

Дар фарҷоми мақолаи хеш, хулосабарорӣ намуда қайд менамоям, ки мо ба хоинони миллат нафрат дорем! Набояд фаромӯш кард, ки доир ба  масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва ҷамъи масъулин фаъол бошанд, баҳри баҳри таъмини суботу оромии ҷомеа пайваста талош намоянд ва нагузоранд, ки  наҳзатиёни дасисабоз ба вазъи имрӯзаи мамлакат аз лиҳози идеологӣ холисона  эҷод намоянд.

 

                                                                           Дилафрӯз  Ҳомидова ,

                                                     муҳаррири шӯъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *