ДОНИШГОҲЕ, КИ ТАРҒИБГАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АСТ!

 

Тибқи шабакаҳои иҷтимоӣ маълум гардид, ки дар солҳои охир садҳо нафар ҷавони тоҷик, аз ҷумла фарзандони собиқ аъзои манъшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) дар донишгоҳи калонтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон  бо номи “Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия”-таълим гирифтаанд ва ҳоло ҳам таълим мегиранд ва фаъолияти он барои тоҷикон ва Тоҷикистон  бетафовут буда наметавонад. Доир ба ин масоли андешаронӣ намуда, ёдовар бояд шуд, ки асосан дар рисолати дохилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон  бар дӯши собиқ  ҲНИ буда, дар давоми мавҷудияташ садҳо террористон дар донишгоҳи мазкур ба камол расиданд. Аксарияти масъулони бахши идеологии ТТЭҲНИ ва Паймони миллӣ, ки имрӯз дар кишварҳои Аврупо фаъолият доранд, хатмкардагони ҳамин донишгоҳи бузурги террористӣ ва кадрҳои муассисаҳои махсуси таълимии ин кишвар мебошанд. Аз ҷумла, узви раёсат ва идеологи асосии Паймони миллӣ Сайидюнуси Истаравшанӣ (Бурҳонов Саидюнус Аббосович ) беш аз даҳ сол бо аҳли оила ва бародаронаш дар ин муассисаи террористӣ дар шаҳри Қум таълим гирифта, ҳоло ҳам зери таъминоти он мебошад. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки С.Истаравшанӣ мудири сомонаҳои тоҷикзабони “Рисолат” ва “Кимиёи саодат” аст ва ҳар ду аз тарафи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъсис шуда, ба таблиғот ва фаъолияти зидди давлати Тоҷикистон машғул буданд. Қобили зикр аст, ки моҳи гузашта ин пойгоҳҳо низ ҳамчун зерсохторҳои таблиғотии Сипоҳи посдорон аз тарафи давлати ИМА сомонаҳои террористӣ эълон ва баста гардиданд.

Боназардошти масъалаи матраҳгардид зарур аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон  дар бораи донишгоҳе, ки тарғибгари терроризм ва экстремизм аст,маълумотҳо дошта бошанд, худ ва фарзандони худро аз он дур нигоҳ доранд. Дар охир илова намуд, ки мо ҷавонон бояд дониши сиёсиамонро баланд бардорем. Ҳар амале, ки иҷро мекунем санҷидаву дониста кунем. Фарзандҳоямонро дар руҳияи Ватандӯстӣ тарбия намоем. Агар хоҳем, ки фарзандамон муъмину мусулмон бошад, арзишҳои ватандории миллиро талқин намоем. Танҳо он вақт мо миллати босаодат маҳсуб мешавад. Моро мебояд, ки ба қадри оромиву пешравиҳои мамлакатамон расем. Арзи ҳастӣ кардани беш аз 40 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳи васеъ кушодан ба муассисаҳои олии хориҷии инноватсионӣ имкон фароҳам овардааст, ки бо диду назари тоза ба фардои дурахшони кишварамон нигоҳ кунем. Мо як миллати воҳидем ва аркони давлатдории кунуниро арҷ мегузорем!

 

Раҳматова Ш.Ш., ассистенти кафедраи забони хориҷӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *