Бо ташаббуси кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ дар донишкада мизи мудаввар дар мавзӯи “Беҳдошти маҳсулоти хӯрокворӣ – кафолати солимии ҷомеа” бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ҷумла мудири озмоишгоҳи молҳои хӯроквории Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Бақоев Равшан Рашидович ва мутахассиси бахши низоми идоракунии сифати Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Қосимова Фирӯза Исмонхоҷаевна баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар инчунин устодони кафедра, мутахассисон ва донишҷӯёни ихтисоси “Молшиносӣ ва муоинаи молҳо” ширкат варзиданд. Мавзӯи мавриди баҳсу муҳокима қароргирифта аз мавзӯоти дар шароити имрӯза мубрам ва барои мутахассисони минбаъдаи ин соҳа хеле зарурӣ буд.
Саволу ҷавоб бо мутахассисон барои донишҷӯён басо муфид гардида, донишҷӯи курси сеюм Малахӯҷаева М.Т. низ вобаста ба мавзӯи мизи мудаввар дар мавзӯи “Борпечонӣ ва зарурати он” баромад намуд. Мутахассисони соҳа оиди таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ки яке самтҳои муҳими сиёсати имрӯзаи мамлакатамон мебошад, баромадҳои ҷолиб намуданд.