МО АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ БАДТИНАТУ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ ОГОҲЕМ!

Мушоҳидау таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки имруҳо дар айёми феълии зуд тағйирёбанда, авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон роҳҳои пурзӯр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва дигар таҳдидҳоро тақозо дорад. Масъалаҳо ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас бобати таъмини амният, пешгирӣ аз фаъолияти унсурҳои терроризму ифротгароӣ, миллатпарастии иртиҷоӣ ва роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ аз вазифаҳои муҳими айём маҳсуб меёбад. Дар афкори ҷамеаи ҷаҳонӣ баррасии онҳо дар дар сатҳи байналмилалӣ бисёр муҳим ва зарур буда, онҳо ба тақдиру ояндаи давлату миллат, бахусус кишварҳои ҳамсарҳад пайванди қавӣ доранд.Чунончӣ ноамнӣ ва бадбахтие, ки имрӯз ба сари мардуми кишвари Афғонистон омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад, зеро бӯҳрони ин кишвар як мушкилоти байналмилалист. Вобаста ба ин дар ин рӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, сарварони ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои гуногун андешаҳои худро доир ба вазъияти баамаломадаи Афғонистон баён менамоянд. Дар ин радиф собиқ раиси ТТЭ ҲНИ, ҳоло роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ, ҳаммаслакону думравони ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин, Беҳруз Тағойзода ва дигарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара басуханпардозиву найрангбозӣ, дурӯғпаҳнкунӣ, иғвоангезӣ, фолбинӣ машғуланд. Алалхусус доир ба вазъияти баамаломадаи Афғонистон, ба саҳанаи сиёсӣ худро “сиёсатшинос” намоиш дода, ҳаракати Толибон»-ро ба таври худ ғайривоқеӣ маънидод менамоянд. Бадхоҳону душманогни миллат бидонанд,ки хеҷ кас ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад!
Чунки мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинати бадхоҳи миллат огаҳ гардида, бар зидди инсонҳои тангназарону хиёнаткори ифротӣ муборизаи беамон бурда истодааст.

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *