
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол беш аз ҳама интизори Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Дар меҳвари ҳар Паёми кишварамон дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштан, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад. Зимни ироаи Паёми хеш қайд карданд, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда шуд, ки қисми асосии он ба оилаҳои ҷавон рост меояд.Кайд гардид, ки ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.” Баробари ин, зикр карда шуд, ки тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш воқеъбинона қайд карданд, ки имрӯз вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Дар робита ба ин ҳолат Пешвои муаззами миллат қайд карданд, ки бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд.

Суханони пурҳикмати Пешвои миллат моро водор месозад, мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Мо бояд мафҳумҳои ватандӯстӣ ва рушдро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем, тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.
Эътимоду боварӣ, ташаббусу ибтикороти наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста масоили ба худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ ба мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол нерӯву тавони тозаро дар ҷодаи ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, афзун намудани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, муаррифии шоистаи ҷумҳурӣ дар ақсои олам ба вуҷуд меорад. Дастуру таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ҳар фарди ҷомеаро водор менамояд, ки ҳар як фарзанди босадоқати мамлакатро мебояд, гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро шиори рӯзмарраи худ қарор диҳад.
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, бо суханони пурҳикмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст менамоем: ”Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.”
Ф. ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ