ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ вобаста ба баромадҳои иғовогаронаи хоинони миллат-паймони худсохтаи наҳзат дар шабакаҳои иҷтимоӣ (аз 21.12.2023)

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ тибқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки хоинони миллат, бахусус раҳбарияту аъзоёни собиқ ҳизби ислом (ҲНИ), ки мо онро “Паймони миллӣ”ва ё паймони худсохтаи наҳзат низ мегӯем, алҳол раҳбарияташу ҳаммалаконаш хулосаи заруриро набароварда, тавассути сомонаи бо номи “Ислоҳ.нет”, асосан дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” баромадҳои иғвогарона карда, бештар аз зери нохун чиро кофта бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Бо ин роҳ мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд ва Тоҷикистони воҳидро дубора пора-пора созанд. Масалан моҳҳои оҳири соли сипаригардида, аз ҷумла, санаи 21 декабри соли 2023 Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҷалби раҳбараш М. Кабирӣ ва пайравонаш, алалхусус Салими Султонзода, Шарофиддин Гадоев, афроде бо номи Сабирӣ ва Маҳмадамин дар барномаи ифротии дар боло зикршуда баромад намуданд. Хулоса, ин афроди носолими имрӯза бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд ва ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Ин тоифаи хиёнаткорон аз Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддин сар карда, то аъзои қаториаш ва думравонаш ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар минбарҳо садо баланд карданро надоранд. Ин хоинон ланаткардагони халқу миллатанд. Ногуфта намонад, ки раҳбарияту пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..” ва амсоли ин гуруҳҳои ифротиро мардуми тоҷик пайваста маҳкум мекунанд. Зеро ин хоинон доимо ба иғвогарию тўҳмат овора буда, амалҳои ғайриинсониро нисбати ҳамватану ҳаммиллати худ содир намудаанд. Аз ин рў, барои решакан кардани раҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони милли..” ва умуман, бар зиддӣ ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин яке аз масъулияти муҳимтарини шаҳрвандиву фарзандии мост!

Мо кормандони шуъба дар фарҷоми изҳороти хеш, хулосабарорӣ намуда қайд менамоем, ки авзои имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳоро гирем. Имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ монанд, ки ин тақозои замон аст!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *