Миллати тоҷик дар тули таърих ҷафодидаи тоҷик дар раванди ҳастии худ ба ин гуна ҳодисаю воқеаҳои мудҳишу даҳшатбор борҳо дучор шудааст. Вале ҳеҷ яке аз ин ҳодисаю воқеаҳое, ки барои бадбахт сохтани мардуми роҳандозӣ шуда буданд, ба мисли ҳаводиси хунину даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта ва воқеаҳои баъдии алоқаманд ба онҳо ҳамлаи нохалафона ва зарбаи ҷонкоҳтар набуданд. Чунки миллати тўли ҳазор сол аз истиқлол ва соҳибдавлати маҳруми тоҷик дар солҳои 90-уми садаи ХХ ба Истиқлолияти комили сиёсӣ расид.
Мардум худ хуб медонанд ва ҳеҷ ҷойи шарҳу эзоҳ ҳам нест, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилии солҳои 1992-1997 аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби рўҳониён ва бо ташаббуси бевоситаи душманони дохилии миллат, ки дар зери ниқоби динии исломӣ қарор доштанд, оғоз шуда буд. Зеро аксар аъзои воломақоми ТТЭ ҲНИ соли 2013 китоби ёддоштиеро ба хотири «30-солагии ташкилот»-ашон нашр карда, дар он бисёр сирру асрори хиёнаткориҳову пинҳонкориҳои худро баён намудаанд. Аз ҷумла, тариқи пинҳонӣ ҷалб кардани мардуми ноогоҳ ба ин созмон, нақшаҳои гуногуни робита бо дигар аҳзоби сиёсии исломии мамолики хориҷа, ҷустуҷўйи сарчашмаҳои маблағгузорӣ аз берун ва ҳоказо. Бо вуҷуди ин қадар сирру асрор, амалҳои пинҳонии нопок ва он ғаразу хусуматҳои ноҷавонмардонаи худро дар китоби дастаҷамъонаашон ифшо кардан, боз ҳамеша кўшиш менамоянд, то худро дар назди дигарон, ки аз ин рафтору кирдори ношоистаашон ё огоҳӣ надоранд ва ё қисман огоҳанд, мусичаи бегуноҳ нишон диҳанд. Чун дар ин гуна амалкарду коргириҳои намояндагони созмони мазкур пурра хиёнат на танҳо ба меҳану миллат, балки худбохтагию бегонапарастӣ ба назар мерасад. Вале наҳзатиён боз ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ «ҳам ғаррию ҳам пешхезӣ» ё «забони дўзду фоҳиша ҳамеша дароз аст» амал карда, худро ҳар лаҳза сафед ва бегуноҳ нишон додан мехоҳанд.
Аммо халқи шарифи Тоҷикистон хуб медонад, ки ин ташкилот солҳои 90-уми садаи ХХ чи бадбахтиеро ба сари миллати тоҷики овард, ки таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик, бахусус сокинони шаҳру навоҳии водиҳои Вахшу Рашт аз байн нарафтааст. Дар ҳақиқат нобуд кардани китобхона, мактабҳо ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангию фароғатӣ дар зеҳни мардум таъсир расониданд, ки он боиси паст рафтани сатҳи саводнокӣ ва оқибмондагии низоми илму маориф гардид. Аз ин рў, мардуми Тоҷикистонӣ ҳанўз ҳам фаромўш накардаанд, ки кӣ ба хонаҳояшон ҳуҷум ва амволашонро тороҷ карду хонаҳояшонро сўхт ва аз дасти кӣ онҳо ба кишварҳои хориҷа гуреза шуданд. Имрўз низ мардуми одию бечора аз тарси рўҳонию мулло, ки аксарияташон давомдиҳандагони кори он созмон ҳастанд, ба дод омадаанд.
Илова бар ин, агар ҳар нафар аз ҳақиқат сухан бикунад, ки роҳбари кунунии ҲНИ ва навозандагони дастаи ҳунарии вай барои кишвари Тоҷикистон ҳамин гуна хиёнатҳоро раво диданд, онҳо зуд барои нобуд кардани ин нафар фатво медиҳанду худро ҳақбаҷониб мебароранд. Вале халқ хуб дар ёд дорад, ки онҳо чанд сол қабл бо рафтору кирдорҳои разилонаи худ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мустақил ба ҳолати нобудӣ расониданд. Вале, хиради азалии миллати тоҷик ва фарҳангпарварии мероси ниёгонамон сади роҳи ин ҳама амалҳои ваҳшиёнаи террористии ҲНИ гардид. Хушбахтона имрўз, миллати мо бо азму иродаи қавӣ ва рўҳияи шикастнопазир дар фикри ободкорӣ ва шукуфоии кишвари маҳбубамон буда, дигар фирефтаи дурўғҳо ва ҳангомаҳои шохдори ин дирижёр- ҲНИ,бо ибораи дигар навозандагони дастаи хиёнаткорона нахоҳанд шуд.
Бо вуҷуди ин ҳама зиштиҳо, бадбиниҳо, ҷангандозиҳо, хиёнатҳо, майдонбозиҳо ва ҳоказо тамоми душманони миллати тоҷик, ки чун каждум аз дохили ин миллат сар бароварда буданд, бахшида шуданд. Санаи 27-уми июни соли 1997, ки аз ин рўзи фархунда соли равон 22 сол пур шуд, дар таърихи навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт мегардад. То ин санаи муқаддас миллати тоҷик дар дуроҳаи байни обу оташ қарор дошт, ки каме иштибоҳ метавонист номи Тоҷикистонро ҳамчун кишвар аз байн барад. Дар ин рўз бахт ба рўйи миллати тоҷик хандиду офтоб аз паси абрҳои сиёҳи фазои Тоҷикистон нурпошӣ кард ва миллати ҷангзадаю чандпораи тоҷик ба ваҳдати комили миллӣ расид. Аз ин рўз ин ҷониб дар фазои кишвар сулҳу субот ҳукмфармо гардида, гурезаҳо ба хонаи худ баргаштанд, вайронаҳои баъдиҷангӣ барқарор шуданд ва зиндагии осоиштаи мардум таъмин карда шуд.
Имрўз бошад, бархе аз раҳгумзадаҳо ва кўрдилон, ки аз паси аҳдофи нопоку муғризонаи ТТЭ ҲНИ рафтанд, ба ҷазои ҷиноятӣ кашида шуданд ва дар зиндон қарор доранд. Вале роҳбарашон дар кишварҳои рушдёфта ва тараққикарда машғули тиҷорату корҳои шахсии худ буда, ҳеҷ дар фикри онон нестанд. Танҳо ба хотири наозурдани қалби собиқ «ҳамсафон»-аш онҳоро аламбардорӣ мекунад. Ва ҳамон 5 дафтаре, ки созмони мазкур дар Варшава, Берлин, Вена ва ду шаҳри дигар Аврупо боз кардааст, ки ба ҷуз рушди тиҷроати худи ў нақши дигаре надоранд. Он афроде, ки дар ин «дафтарҳои хусусӣ»-и вай фаъолият менамоянд, қурбони манфиатҳои ў ё мисли дигар аъзои собиқи ҳизби кисагиаш фирефтаи ваъдаҳои сароби ин нафар мешаванд.
Ҳамин тавр, набояд аз паси суханони сароби ин фард рафт ва ба гуфтаҳои ў амал кард, зеро барои вай на миллат қадр дораду на меҳан. Барои ў танҳо ва танҳо манфиатҳои шахсӣ, ҳадафҳои нопок ва каломи хоҷагонаш дар мадди аввал аст. Боқӣ қазоват ба хонандаи закӣ ва ҳушёру бедори ин сатрҳост…
Дотсенти кафедраи молия ва қарз
Раҳматов Б.Б.