МАСИРИ ЗИНДАГИ ВА АРЗИШҲОИ БУНЁДИ МИЛЛАТҲО

 

Таърих гувоҳ аст, ки миллати сарбаланди тоҷик аз ибтидо то ба ҳанӯз дар мавриди ҳалли ҳама гуна мушкилоту носозиҳои манофеъи миллӣ таҳамулпазиру дурандеш ва дорои фарҳанги гиро мебошад. Масири рӯзгор ва саҳфаҳои гуногуни давлатдории мо дар чанд ҳолатҳои дигар ба муноқишаи душманони даруниву кишварҳои ғаразнок рӯ ба рӯ шиданро низ борҳо  собит намудааст. Вале дар ҳама ҳолат раҳнамову раҳнаварди мо ана ҳамон донишу хирад ва фазлу гавҳари бунёдиамон мебошад, ки моро то ба ҳанӯз пешсафу пешкор ва намунаи ибрати ҳамагон гардонидааст.

Муноқиша ва даргирии рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели соли равон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир табли душманони моро гармтару чеҳраашонро рушантар гардонид. Ин ҳам дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирии ватанфурушу Шарофиддин ва Муҳаммадиқболи  бешарафи фирорӣ бо чанде аз гуфтори бемояву бемантиқи худ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мехоҳанд доманаи ин муноқишаҳои ноҷоро васеътару печидатар намоянд. Вале эй хоинони миллат, дигар ягон ҳарфу амалатон боиси тағйиру дигаргун шудани мавқеъи мардуми босаодати тоҷик шуда наметавонад. Зеро аз хурд то ба солхурдатарин мардуми диёр бо таваҷҷуҳу ҷонибдорӣ  аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати  мамлакат, имрӯз ҳамагӣ аз як гиребон сар бароварда дар ҳифозату ҳимояи сарзамини аҷдодиянду то абад содиқ хоҳанд мон… Ин нуктаи мантиқиро ҳамагон хеле хуб медонанду ва бо ҷамъи ҳамроҳонатон ҳам дониста бошед, ки аз азал то ба ҳанӯз ҳар ғосибу нохалаф ва ҳар душмани нотавонбине, ки ба ин сарзамини покгавҳар дастдарозиву хости тамаъ намуд, ба чӣ ҳолати ногувору шикасти шармандавор рӯ ба рӯ гардидааст.

Дар рӯзҳои охир муноқишаи ҷиддан шадиду муташанниҷ дар марзи байни Қирғизистон ва Тоҷикистон ба амал омад, ки боиси талафоти зиёд гардид.

Паҳлӯи нуктаи аслии мавриди назари дигар ин аст, ки давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар тақвияти ватандориву ватандӯстии мо тоҷикон зери як чатри мустаҳкаму устувор ва мактаби давлатдории навини Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ончунон рушду такомул ва тарбияту вораста гардид, ки натиҷаи судоварашро ҳамагӣ дар ин чанд рӯзи муноқишаҳои умдаи марзӣ бо чашми сар дидему бо ғайрату ғайюриашон низ офарину таҳсини ифтихорӣ ҳам гуфтем.

Вале болотар аз ҳама ҳикмати ноёбу мавқеъи ваҳдатофари дигари миллиамон ин нуҳуфтани ана ҳамон нерӯи устувору руҳияи  шикастнопазири ғурури  ниёгонамон ҳаст, ки имрӯз бо ҳама тавонмандиву сарсупурданҳои замон ба ҷисму тани ҳар яки мо аз нав омезиш ёфтаву аз ҳарвақтаи дигар қавитару ҷилвагар мегардад.

Миллати босаодати мо дар ҳама давру замон ҳалли ҳама гуна ҷангу ҷидол ва қасду хушунатро бо роҳи таҳамулпазириву хирадгароӣ ва ҳифозати эҳтироми ҳамдигар амалӣ намудаву соҳиби мартаба ва эътибори оламиён гардидааст. Эътимоди қавӣ аст, ки ин навбат ҳам самараи татбиқи чунин таҷрибаҳои пешқадами миллиамон моро ба натиҷаҳои умедбахшу комёбиҳои намоён муваффақ хоҳад гардонид.

Анварӣ Ризвоншоҳи Ҳоким,

ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *