Ғалабаи бузург, мактаби мардонагию шуҷоат ва далерию қаҳрамонӣ

Табрикоти директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳ. Ҳ. бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши Иди Ғалаба дар шинохти қадри сулҳу субот ва ваҳдату ҳамзистии осоиштаи банӣ башар андешаронӣ карда, фармудаанд: «Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мар думи олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд».

Ҳамаи мо аз таърих огоҳ ҳастем, ки Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ё Ҷанги Бузурги Ватанӣ даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият маҳсуб гашта, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ  ҳудуди 40 давлати ҷаҳонро фаро гирифт. Теъдоди сафарбаршудагон ба ин ҷанги хонумонсўз  зиёда аз 110 миллион нафарро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби шадид гирифтор гаштанд.

Солҳои 1941 – 1945 Ҷанги Бузурги Ватании Иттиҳоди Шўравӣ бар зидди таҷовузи Олмони фашистӣ рўй додааст. Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ баҳри дифои Ватани азиз бар зидди истилогарони фашистӣ якдилона бархестанд.

Мо таърихро бояд ҳеҷгоҳ фаромўш насозем.  Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шўравӣ ҳалок шуда, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо нафар бе хонаву дар монданд.

Боиси ифтихор аст, ки ҳазорон нафар ҷанговарон, фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо – Қаҳрамонони Иттифоқи Шўравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тўйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Бо истифода, аз фурсати муносиб ҷашни мубораки Рўзи Ғалаба бар фашизмро ба ҳамаи Шумо, аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада, профессорону устодон ва донишҷӯёну кормандон табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рўзгор, осмони соф, сулҳу сафо ва ҳама хушбахтию хушрўзиҳоро таманно менамоям.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *