МАЪРИФАТРО БОЛО БОЯД БУРД!

Дар ҳамаи давру замонҳо давлату миллате, ки рў ба илму маориф оварда, ба ташаккули маърифати зеҳнии мардум таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд, дар амри болоравии сатҳи дониш, ғанӣ гардидани иқтисодиёти давлат, таҳкими шохаҳои ҳокимияти он, беҳтар шудани сатҳи зиндаги, дар ҳаёти осоишта умр ба сар бурдан ва раҳои аз падидаҳои номатлуби ба ҷомеа хатарнок комёб мегардад. Аз ин лиҳоз, дар ҳама ҳолат илмро аз ҳама муҳимтарин  ва заруртарин омил дар ҳаёти инсон шуморида, хар фард ҳамчун рохнамо дар зиндагӣ ва кору фаъолият васеъ истифода мебарад.

Воқеан ҳам сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва иқдомхои шоистаи Президенти мамлакат аз як ҷониб барои рушди босуботи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум таъсири мусбӣ  расонад аз ҷониби дигар барои решакан намудани падидаҳои манфии ҷомеа низ хизмат менамояд. Зеро маҳз тавассути донишандўзӣ, ҳастиву нестии  ҳаёт, пешрафт аз нокомӣ , равшанӣ аз торики, дуст аз  душман ва некӣ аз бадӣ фарк карда мешавад.

Бо дарки муҳимияти  ҳимоя ва арзишу манфиатҳои давлату миллат, тарбияи донишҷўён дар руҳияи ватандўстию ифтихори миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Рахмон баробари ҷидду ҷаҳди пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон  соҳаи илм ва маориф дар мадди аввал гузошта шудааст.

Ҷавонӣ шояд беҳтарин лаҳзаи умри  инсон бошад. Ростӣ дар ҳамин давра роҳу равиши зиндагии инсон муайян мегардад. Дар ҳоле, ки замину об, ободониву фаровонӣ, таҳсилу омўхтани касб ҳама шароит вуҷуд дорад. Сари ҳар кадам бозор, ошхона, тарабхона, тамоми нозу неъмати дунё мухайёст. Ватан биҳишти рўи замин аст, аммо бархе аз фарзандони он дар Сурияю Ирок ва Афгонистон одамкушӣ доранд. Чи бояд кард? Маърифатро боло бояд бурд.  Вақте ки маърифат боло мегирад, инсон даст ба ҷиноят намезанад.

Дар шароити ҳозира масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндарача ва бағоят муҳим пайдо намудааст. Зеро солҳои охир дар ҷахон як силсила тамоюлоти хатарнок , аз қабили   таҳдиди терроризми байналмиллалӣ, экстремизм ва хатарҳои марбут ба гардиши ғайриконунии маводи мухаддир, фаъолияти гурўҳҳои ҷинояткоронаи трансмиллӣ  қувват гирифта истодаанд, ки онҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ расонанд

Хатарҳои мавҷуда бевосита ба пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамоянд. Аз ин рў, мо бояд пешгирии ин амалҳои номатлубро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем ва барои таъмини амнияти давлат тадбирҳои мушаххас андешем ва ҳамзамон дар дифои манофеи давлату миллати худ омода ва ҷонсупор бошем.

Мо имруз шоҳиди бунёди иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, варзишию солимгардонӣ, сохтмону баистифодадиҳии осорхонаву китобхонаҳои бошукўҳ, технологикунонии муассисаҳои таълимиву пажўҳишӣ, бунёди иншоотҳои бузурги миллӣ дар мисоли нерўгоҳи барки обии Роғун, бунёди накбҳо ва садҳо иқдомоту ташаббусҳои дигари созанда гашта истодаем, ки барои кишварамон натанхо аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд, балки накши ниҳоят гаронарзиш дар заминагузориву ташаккули маърифативу инкишофи зеҳнӣ, фароҳам овардани ташаккули шахсият ва ба вучуд овардани ифтихори ватандориву хувияти миллӣ ва худшиносӣ доранд. Албатта,  ин навгониҳо моро ба ояндаи боз ҳам нек роҳнамоӣ мекунанд ва аз ин ҳама як фарди ватандўсту баору номус шоду масрур мешавад ва мекушад, ки баҳри ободонии минбаъдаи мамлакат боз ҳам фаъолтар бошад.

Мудири бахши курсҳои тайёрӣ:
Тошматова Ш
оира

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *