МАРДУМИ БАДХОҲ КИНАВУ АДОВАТРО АЗ ДИЛАШ ДУР СОЗАД!

Мардуми осоиштаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, аз шаҳри Хоруғ, ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Мурғоб, ҳама ба муқобили гуруҳҳои муташаккили ҷиноятї ва ҳамагуна созмони ифротӣ мебошанд. Дар гузашта дар ин минтақаи Тоҷикистон тарафдорон ва аъзоёни ҷараёни ифротї мавҷуд буданд ва алҳол аз ҷониби пайравони афроди љиноятпеша Мухмммадбокир, ки сокини маҳаллаи Хоруғи болои ш.Хоруғ мебошад, бо ҷалби наздикону хешу таборашон вазъи кунунии вилоятро рангубори сиёсӣ дода, гирдиҳамоӣ ташкил карда, сулҳу оромиро вилоят, умуман кишвари соҳибистиқлоли моро халалдор намоянд. Хулоса, ноором гардонидани вазъ дар Бадахшон барои онҳое, ки ҷонибдорони ғояҳои ҳаракати “Толибон” мебошанд, хеле мувофиқ аст. Гарчанде ҳаракати “Толибон” ба сари қудрат омадаанд, вале аз ғояҳои террористиву экстремистии худ даст накашидаанд. Имрузҳо мехоҳанд ба ҳар роҳу васила он ғояҳоро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон паҳн намоянд. Аз ин лиҳоз, на фақат сокинони вилоят Бадахшон, балки ҳар як шаҳрвади боору номуси кишвар ҳиссӣ маҳалгароӣ, хешу таборчигиро як сӯ гузошта, ҳисси ватанпарварӣ, худшиносии миллӣ ва худогоҳиву зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Хулоса, мардуми осоиштаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, аз шаҳри Хоруғ, ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Мурғоб, ҳама ба муқобили гуруҳҳои муташаккили љиноятї ва ҳамагуна созмони ифротӣ мебошанд. Бигузор ҳар як нафар дуои нек кунад, ки кинаву адоватро мардуми бадхоҳро аз дилаш дур созад, якпорчагии Тоҷикистонро таъмин намояд, ҳамдилиро фаромӯш насозад.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *