Мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нестанд, дигар ҷангу хунрезӣ намехоҳанд!

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол 8 ҳизби сиёсӣ амал менамуд. Яке аз ин ҳизбҳо ҲНИТ буд. Имрӯз мардуми тоҷик фаъолияти ҲНИТ-ро дар ҳудуди кишвар намехоҳанд. Муллоҳои мазҳабию ноҳизбии мо бошад ҳамоно ба баҳси ришу челаку сатру ангушти ишора ва фосилаи пойҳо аснои намоз муноқиша доранду ва музокира мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин амали солеҳи онҳо бошанд.
Шогирдонашон аллакай дар размгоҳҳои Сурия истодаанд, мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳи ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе ин ҳизбҳо ба роҳ монда шудааст. Барои ҲНИТ ва ҳамсангоронашон муҳим нест, ки бо инқилобхоҳишон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Онҳо бояд ҳис намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҷой ягон гап ҳаст, яъне мардум ба рафти фаъолияти имрӯзаи ҲНИТ беҳуда таваҷҷӯҳ зоҳир накарда истодааст. Мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нестанд, дигар ҷангу хунрезӣ намехоҳанд. Ҳизби ҲНИТ 29 сентябри соли 2015 ҳизби террористӣ эълон карда шуд, ин ҳизб дигар дар Тоҷикистон амал намекунад.
Дар олами муосир қариб кишваре ё минтақаеро дарёфткардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои террористӣ, таносуби динӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Даҳсолаҳои охир терроризм чунон шакл гирифтааст, ки дар он гӯшаву канорҳои гуногуни олам, дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида изи онро дарёфт намудан кори муқаррарӣ гардидааст. Омилҳо ва заминаҳои рушди терроризм, навъҳо ва хусусиятҳои зуҳурёбии он ҳам сифатан ва ҳам ҳаҷман бузург гаштаанд.
Бинобар ин, мо аҳли кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бар зидди ин амалхои нолматлуб, терроризм ва экстремизм ва оқибатҳои нохуши он мубориза бурда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем.

Аҳли ҷомеаи кафедари
иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *