МАҚСАДАШОН ИСЛОМИГАРДОНИИ ҶОМЕА БУД

Пеш аз оне, ки вобаста ба фаъолияти собиқ ХНИТ, ки имрӯзҳо вирди забони ҳар як фарди солимфикр чарҳ мезанад, мехоҳам фикрамро дар бораи азҳоби сиёсӣ баён дошта бошам.

Дар моддаи 2-и боби 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» омадааст: Дар зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки вазифаи ӯ дар ворид шудан ба ҳаёти сиёсии ҷамъият тариқи таъсис додани гурӯҳи шаҳрвандони сиёсӣ, инчунин ба вуҷуд овардани ҳокимият бо воситаи намояндагони худ, фаҳмида мешавад.

Ва ё ба тарзи дигар ҳизби сиёсӣ ин иттифоқи ихтиёриест, ки бо аломатҳои идеологӣ асос ёфта, мақсади ба даст овардани ҳокимиятро дорад.

Ҳокимият ин воситаи амалигардонии барномаҳои сиёсӣ мебошад, ки ба манфиати ин ё он гурӯҳи ҷамъиятӣ хизмат менамояд.

Ҳизб- аз калимаи лотинӣ ё франсавӣ-patu гирифта шуда маънояш қисм ё гурӯҳ мебошад.

Мақсаду вазифаҳои ҳар як ҳизби сиёсӣ дар ойиннома ва барномаҳои худ, барои маълумоти умумӣ гуфта шудааст.

Аммо ҳамаи мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собиқ ХНИТ бо роҳбарии М.Кабирӣ ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият доштанаш чӣ мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик овардани буд!. Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағгузорӣ қарор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард.

Дар ин росто қайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи солҳои 1991 то 1997 дар Вазорати Адлияи ҶТ ва ҷузъу томҳои минтақавии он 8 ҳизби сиёсӣ (ХКТ, ХНИТ, ХДТ, Ҳизби сиёсӣ ва барқароркунии иқтисодӣ, Ҳизби халқӣ, Ҳизби ягонаи халқӣ, Ҳизби ба шаҳрвандон содиқ, (гражданско-патриотическая партия) ХСТ ва ҳизби адолатҳоҳ), 7 ҳаракатҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ ба монанди «Лаъли Бадахшон, Растохез, Ориёнои бузург, Шӯрои таҷаддуди халқи (Совет националчного возраждения), Таҷаддуди халқӣ ва ягона, инчунин 430 ҷамъиятҳои гуногун ба қайд гирифта шуда буданд. Дар асоси пешниҳодоти Прокуратураи Генералии ҶТ соли 1993 бинобар сабаби риоя накардани оинномаҳои ҳизбӣ, ба қонун вайронкуниҳо роҳ додани барҳе аз роҳбарон ва аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳо бо Қарори Суди Олии ҶТ фаъолияти ХНИТ, ҳаракати «Лаъли Бадахшон, ва «Растохез» манъ карда шуда, бо хулосаи баъзе органҳои марбута соли 1995 фаъолияти онҳо боз аз нав барқарор карда шуд.

Умуман ХНИТ- дар Осиёи Маркази ягона ҳизби хислати динӣ дошта ба шумор рафта, мақсади асосии он исломигардонии ҷомеа ва давлат мебошад. Вале онҳо ношукрӣ аз соҳибистиқлолӣ ва тинҷию оромӣ дар Тоҷикистон карда, мехостанд, ки солҳои 1992-ро бори дигар дар Ватани худ такрор намоянд.

Агар нисбати М.Кабирӣ гуфтани шавем, мо медонем, ки ӯ ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурӯшад. Чунин шахсиятҳо хеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин ҷост, ки М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, М.Хайит, Саидумар Хусайнӣ ва дигарон, ки айни хол намаки махбусиро мечашанд, мазхаби худро бар ивази маблағҳои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии ҶИЭ мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандозӣ намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд. Аммо, хушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат, ва дигар сохторҳои қудративу низоми боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.

Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернетӣ мехонему тамошо мекунем, ки М.Кабирӣ аз мавқеи хориҷа истода, ҳамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллатамонро дигар кишварҳо омӯхта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода қарор дода истодаанд, зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Аз ВАО бармеояд, ки М.Кабирӣ аслан оиди муҳоҷирони тоҷик суханронӣ намуда, мехоҳад, ки мавқеи худ ва собиқ хизбашро дар байни онҳо пурзӯр намояд. Ба фикри банда агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар ҳеҷ куҷо хор намешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил ҳунар кам аст».

Имрӯз мардум дарк намудааст, ки пешвоёни ХНИТ мазҳаби шиаро қабул намудаанд, пас чӣ тавр мардум ХНИТ-ро ҷонибдорӣ намояд? Чӣ тавр мардум дар интихобот ба ХНИТ овоз диҳад? Бо кадом мақсад аҳолии суннимазҳаби ҷумҳурӣ аз паси пешвоёни мазҳабгумкардаи ХНИТ равад? Онҳо мақсад доранд, ки мазҳаби халқро тағйир диҳанд. Вале ҳанӯз ҷанобон – пешвоёни ХНИТ бехабаранд, ки рози ниҳони онҳо фош гардид. Эҳсос ва дарки мардум табиӣ ва худодод аст, сирре вуҷуд надорад, ки аз мардум пинҳон монад. Бинобар он асрори пешвоёну фаъолони ХНИТ, яъне мазҳаби шиаро қабул намудани онҳо ошкор шуд. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз «дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро». Ҷаноби Кабирӣ, Хусайнӣ, Мухаммадалии Ҳайит, Сайфуллозода боз шарм надошта бо кадом руй доду фиғон ва нола мекунед, ки дар интихобот пирӯзи насиби Шумо нагардид. Воқеиятро фаҳмидан намехоҳед. Оё боварӣ доред, ки мардум ба хотири Шумо шуда мазҳабашро иваз мекунад. Ё мисли Шумо мазҳабашро мефурӯшад. Шумо ҳиёнат ба халқу мазҳаби он кардед ва боз мехоҳед, ки мардумро ба доми фиреби худ ва зархаридони аҷнабии шиамазҳабатон андозед. На, хато мекунед, таърих гувоҳ аст, ки халқ дар ягон давру замон мазҳабашро ба хотири аҷнабиён, мансабхоҳон ва бегонапарастон тағйир надодааст.

Аз ин лиҳоз гуфта мешавад, ки бояд мо аҳли солимфикри ҷомеа  тамоми қувваву имкониятҳоро баҳри илмомӯзии насли наврас ва ҷавонон равона карда, шомилшавии онҳоро аз чунин ҳизбу равияҳои номатлуб ба мисли ХНИТ, пешгирӣ намоем.

 

 Эсонова М.О. муаллими калони кафедраи баҳисобгирии

бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *