МАҚСАД ВА МАРОМИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ – ТТЭ ҲНИ ОШКОР ШУД

Душманони зишткору зиштфикру зиштрафтори миллат, аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ дар хориҷа бо рафтору куллу тамоми маҳорату малакаи давоми солҳо аз муршидони хориҷӣ омӯхтаву азбаркардаашон азму субот доранд, ки ҳамчун гурӯҳу гурӯҳзодаҳои ифротгар, бунёдгарони иртиҷоӣ, террористон ва думравони онҳо бо ҳар усулу восита тафаккури ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллату ҳалқияти Тоҷикистонро нисбат ба ҳукумат ва мардумони кишвар тира намоянд.

Гурӯҳи сифатан номбаршуда бо роҳбарии М. Кабирӣ феълан риёкорона ва бидуни хиҷолат дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳониву созмонҳои байналмиллалӣ ҳамчун ҷонибдору ҳомии ҳуқуқи башар оид ба адолати иҷтимоӣ дар кишварамон беасос ва бардурӯғ сухан меронанд. Аҷабо, бинед онҳоеро, ки солҳои тӯлонӣ бо дасиса кисми назарраси ҷомеаи кишварро гумроҳ кардаву бо моҷарову кашмакашу бесарусомонӣ, бародаркушӣ ва баяғмобарӣ ҳидоят намуда, ба миллату ватану дину мазҳаби худ хиёнат кардаанд, акнун мехоҳанд бо ҳамон рафтор афкори ҷомеаи ҷаҳониро тира созанд.

ТТЭ ҲНИ мехоҳад пеш аз ҳама дар сатҳи байналмиллалӣ ва ҳаммаслаконашро “муборизи роҳи озодиву  ҳифзи ҳуқуқи мардуми Тоҷикистон” нишон диҳанд. Аъзоёни ин гурӯҳ ҳангоми мусоҳибаҳо кушиш менамоянд, ки худро “ғамхори ҷомеаи мамлакат” чилвагар намуда бештар оид ба мушкилоти иҷтимоӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кунанд ва онҳоро аз будаш калонтар нишон диҳанд. Ин аст технологияи сиёсии ТТЭ ҲНИ, ки ба хотири бадастовардани обрӯ дар байни омма амалӣ бояд гардад.

Мақсаду мароми ба ангезиш овардани тахассусманди ҳомиёни ҳуқуқи башарӣ Аврупо тавассути бечоранолӣ кардану ҳаммаслакони худро “ҷабрдидаву мазлум” нишон додан ин ҷабҳаи тактикии рафтори ТТЭ ҲНИ аст.

Мусаллам аст, ки ТТЭ ҲНИ ҳаргиз ба мавҷудияти ҳеҷ арзиши болотар аз манфиатҳои мазҳабиву гурӯҳиашон қоил набуд ва нахоҳад буд ва ҳаргоҳ дар бораи мардумсолориву демократия ва ҳуқуқу озодиҳои мардуми Тоҷикистон сухан ронда, аслан риё меварзанду дуруғ мегӯянд, зеро ҳаргиз афроди масҳабии мутассибу бунёдгаро наметавонанд ситқан чонибдори мардумсолорию демократия ва озодагову озодандеша бошанд.

Алҳол аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар қарор дошта, ба хотири ба даст овардани маблағҳои муфт ба дассисакориву фитнаандезӣ машғуланд ва бар зидди мардуми Тоҷикистон фаъолияти таблиғотию иттилоотӣ бурда арзишҳои миллиро дар маърази созмонҳои байналмиллалӣ поймол месозанд.

Рафтору кирдорҳои бесамари экстремистон, фундаменталистон, террористон аз қабили М. Кабирӣ нафақат дар сатҳи байналмиллалӣ, балки дар сатҳи дохилӣ низ наметавонад фазои ақидавӣ ва афкори ҷомеаи моро тағйир диҳад.

Мардуми ватанпарасти мо дар муддати солҳои пур аз нишебу фарози истиқлолият бо тарки хештаншиносӣ ва огоҳии сиёсӣ борҳо бо чунин гирудорҳои сиёсӣ бархӯрд кардаву паёмадҳои чунин фитнагариҳоро оянданигарона дарк мекунад.

Абдуллоев Ғ.,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *