М. Сариддин дини Исломро бадном мекунад

Рӯзҳои охир хоини миллати тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин бо як гурӯҳ гумроҳони дигар, дар сомонаҳои иҷтимоӣ видеороликҳои пуч ва суҳбатҳои бемазмунро паҳн карда истодаанд, ки аз ватанфурушу хоин будани онҳо гувоҳи медиҳад. Таҳлили фаъолияти се соли охир ин оппозитсионери бахтбаргашта, дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бардапарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли онҳо бардаву ғулом бошанд. Саркардаи салафиҳои хориҷӣ Муҳаммадиқболи Садриддин, узви Шӯрои Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, зимни ироаи гузориш аз вазъи зиндони Хуҷанд ба озиоджди террористон ишора кардааст. Дар мадди аввал, М.Садриддин, ки ҳамаро мисли худаш мепиндорад, фазои иттилоотиро ба таҳлука овард. Маҳбусон ба меъёрҳои «қаҳрамонсозӣ»-и Кумитаи зиддимиллӣ рост намеоянд. Бо назардошти гуноҳҳое ки дар сари ин афрод омадааст, дер ё зуд ба сазои амалшон мерасанд.

Сомонаи «Ислоҳ.нет», ки мақсади асосиаш ҷавонону наврасони гумроҳ ва шахсони ноогоҳро ба пуррагӣ ба худ ҷалб намуда, ҳангоми ба дом афтодани ин тоифа, мисли Кабирӣ аз онҳо фирор карда, дурӣ меҷуяд, Муҳаммадиқболи Садриддин.

Аз ин сабаб ҷавонони гумроҳ бояд бидонанд, ки онҳо мисли нафарони дигар, ки солҳои қабли дар гирди ташкилоти терорристӣ-экстремистии ҲНИ ҷамъ буданду айни замон паси панҷара ҳастанд, навбат акнун ба «Ислоҳ.нет» ва М.Садриддин расидааст.

Бояд ҷавонон ва ашхоси ноогоҳ донад, ки имруз собиқ аъзоён ва пайравони ТЭТ ҲНИ аз кирдорҳои аблаҳонаю разилонаи содиркардаи худ пушаймон ҳастанд ва нисбати роҳбари ин ташкилот М.Кабирӣ, нафрат доранд. Дигар мардуми бонанагу ор ва бофарҳангу таммадунофари тоҷик ба ҳилаву найранг ва иғвоҳои М.Садриддин дода нашуда, аз паси зиндагии осоишта худ мебошанд.

Ал-қисса, умри ҳарфҳои ботил кӯтоҳ аст. Эҷоди камарбанди дурӯғ бар зидди миллат, ҳеч гоҳ оянда надорад. Наҳзатиҳо дар пешонии аз саҷда бар пойи хоҷагонашон сиёҳ бояд дарк кунанд, роҳе ки онҳо интихоб кардаанд, ба Туркистон аст. Яъне бероҳагӣ тақдири ояндаи ин ҳизби қотилро мушаххас мекунад.

Абдурашидова М.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *