М.КАБИРӢ ВА АМАЛҲОИ ХОИНОНАИ Ӯ

Рӯз то рӯз бо вусъати дастрасии иттилоот бештар аён мегардад, ки хиёнат ба мардум, ба миллат ва Ватан оқибат шахсияти инсонро аз кӯи накӯномии зиндагӣ маҳв хоҳад кард. Амалиёти хоинонаи собиқ раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ  – М. Кабирӣ имрӯз аз ҳар ҷиҳат ошкор мешавад. Ёдовар  шуд, ки тазоҳуроте, ки дар шаҳри Душанбе дар назди сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон ба амал омада, аз як тараф норозигии мардуми Тоҷикистонро аз амалҳои террористии собиқ ҲНИ,, бахусус, сарвари он М. Кабирӣ ва аз ҷониби дигар дастандаркории кишвари ба мо маълум боз ҳам равшан гардонид. Хулоса касоне, ки аз зулму истибдоди собиқ ҲНИ ҷабр дидаанд, ниҳоят косаи сабрашон лабрез шуда, ба фарёд кушодаанд, ки: “Фарзандони моро ба гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ накунед”.

Набояд фаромӯш кард,ки воқеан бо ёди Ватан будану дар оғӯши Ватан зистан саодат аст. Аммо бо ҷурми хиёнат ба миллату Ватан дар кишвари бегона паноҳ ҷустан бадбахтии маҳз хоҳад буд.

Имрӯз, ки М. Кабирӣ  пас аз ин қадар носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дорад, бо он ҳама иддае аз ҳамватанони моро дар хоки ғурбат чун фирорӣ ва ё бечора бидуни ресмон банд кардааст. Ин даста бо ҷурми он ки замоне узви аъзои ҲНИ маҳсуб меёфтанд ва ё бо амалҳои назарфиреб ва  ғаразноки М. Кабирӣ фирефта шуда буданд, имрӯз наметавонанд бо сари баланд дар Ватан рӯзгор ба сар баранд. Ба фарҳангу оини миллат санги бегонапарстӣ задан, мардумро бо фитна ба гумроҳӣ кашидан, дар мулки ғайр овораву сарсон кардан магар бахшиданист?

Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳост ва аз ҷониби дигар фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағҷишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, моро ин нуқта муҳим аст, ки то тавонем санъати бо ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзем, зеро фарҳанги  ҳар як миллат ҷузъи ногусастании тамаддуни инсоният аст, аммо веҷагии худро дорад. Арзишҳои фарҳангии худро ҳифз кардан бошад, аз ҳуввият ва нангу номуси миллӣ аст. Бошад, ки ин хислатро дар рӯҳияи худ тарбият кунем ва фаромӯш насозем, ки худшиносӣ мояи худошиносист.

 

Атаева Ф.А.- ассистенти кафедраи

 молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *