Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.
Эмомалӣ Раҳмон

Яке aз муҳимтaрин нишондиҳaндaҳои дaвлaтҳои устувору соҳибистиқлол, доштaни Конститутсияи комил вa ҳокимияти қaвии конститутсионӣ аст. Шaклу сохтори сиёсии ҳaр дaвлaт нaзму aрзишҳои меҳвaрии ҳaр ҷомеa вa сaтҳи тaрaққиёти низоми сиёсиро мaҳз aз моҳияти Конститутсияи он муaйян мекунaнд. Воқеан, Конститутсия шиносномaи ҳaр миллaт вa ҳуҷҷaти муaррификунaндaи моҳияту ҳуввияти ҳaр дaвлaт аст. Бинобaр ин, соҳиби Конститутсияи хеш вa ҳокимияти устувори конститутсионӣ шудaн мaрҳaлaи олии рушд вa ё мaрҳилaи кaмоли ҳaр дaвлaт вa миллaт бa ҳисоб мерaвaд.Конститутсия ин пеш аз ҳама, ҳуҷҷати ҳуқуқие мебошад, ки он асосҳои сохтори давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро дар ҷамъият ба танзим медарорад.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бори нахуст 6 ноябри соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия баргузор гардид. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ хеле муассир буд ва беш аз 87 фоизи шаҳрвандон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, сарнавишти худро мутобиқи он муайян карданд. Ин истиқболи мардум аз лоиҳаи Конститутсия ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамин рӯз ба вуқӯъ пайваст, далели қотеи дастгирии ҳамаҷонибаи ислоҳоти конститутсионии Президент, ҳадафу барнома ва дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии ӯ буд. Конститутсия ба нақш ва мавқеи таърихии халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот баҳои сазовор дод. Яъне, интихоботи мақомоти олии давлатӣ, аз ҷумла, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии минбаъда дар доираи муқаррароти Конститутсия баргузор гаштанд. Шаҳрвандони кишвар дар фазои осоиштаю ором Президенти мамлакат ва вакилони мақомоти қонунгузорӣ ва намояндагиро интихоб намуда, мувофиқи ҳуқуқҳои сиёсиашон ҳокимияти давлатиро ташкил ва ҳукуқҳои конститутсионии худро ба интихобот амалӣ намуданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун бузургтарин зуҳуроти сиёсиву иҷтимоӣ фарҳангию ҳуқуқӣ ҳукми конститутсионӣ бахшид. Қабули Конститутсия башорати ба майдони сиёсӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ воридшавии шахсият ва чеҳраи нави таърихӣ бо фаҳмишу дарки баланди арзишҳои миллӣ ва арзишҳои байналмиллалӣ мебошад. Ин бори дигар собит намудани нақш ва мавқеи шахсият дар таърих, пешниҳоди барномаи мукаммали созанда ва бунёдкорона, ташаккули элитаи сиёсӣ ва миллӣ аз қафои худ бурдани омма ва дигаргуниҳои сифати ҷомеаи алоҳида мебошад. Дар асоси ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибат ба инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ шиносоӣ пайдо намуд.Конститутсияи кишвар бори нахуст ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи баробарҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ эълон намуд. Мувофиқи моддаи 19-и Конститутсия «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд».
Аз ин лиҳоз, Конститутсия ҳамчун баёнгари таносуби воқеии ҳамаи неруҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгуи манфиатҳои ҳамаи онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷуз аз хизмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои онҳо дигар мақсад надорад. Эъмори давлати мустақил ва пайваст ба ҷаҳони муосир низ самараи тафаккур ва хизмати мардуми шарифи кишвар мебошад, ки имрӯз онро бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва мавқеи онро дар мавриди ҳаллу фасли масоили умдаи байналмиллалӣ эҳтиром мекунанд.
Бо ҳамин тартиб, имрӯзҳо, ки мо дар арафаи 31-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки ин санади олии тақдирсозро дар ҳаёти ҷомеаи кишвар беҳтар арзёбӣ ва эҳсос бояд кард. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро ҳамчун бузургтарин дастовард, раҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллиамон – Ватану миллат, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ ҷойгузин намоем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф намоем.
Ф. МАНОНОВА,
ассистенти кафедраи
ҳуқуқшиносии ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд
