ИЗҲОРОТИ кормандони шубаи илм ва инновастияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади иғвоангези навбати узви ҳаракати мамнуъ- “Гуруҳи 24 ” тавассути канали YouTube (аз 30.03.2026с.) .

Мо, кормандони шубаи илм ва инноватсияи Донишкада иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тавассути шакабаи иҷтимоӣ борҳо баромади як афроди роҳгумзадаи ифротӣ Беҳруз Тағойзода, ки яке аз узви фаъоли Ҳаракати мардумӣ-сиёсии «Гурӯҳи 24» — ҳаракти ҷамъиятию сиёсии дар Тоҷикистон ва ровии барномаи ифротии “Садои мардум ”мебошад, баромадҳои ифротиашро шадидан маҳкум намуда, андешаҳамонро иброз дошта будем. Ин навбат низ нисбат ба баромади иғвоангези Б.Тағойзода, ки санаи 30 марти соли 2026,тавассути канали YouTube дар барномаи зикршуда баромад намуда буд, ибрози андеша менамоем. Дар иртибот ба ин, қайд менамоем, ки Б.Тағойзода ин навбат низ бо чашми ғараз баромад намуда, бо намоиши сабти видеоӣ аз рушду пешрафти Тоҷикистон шикоят карда, оид ба масоили барқу фасли зимистон, қазияи Украина ва зиндониён суханони бемаънию берабт баён дошт. Ҳар як бинанда аз баромади навбатии Б.Тағойзода низ бе ягон душворӣ дарк мекунад, ки ин афроди роҳгумзадаи ифротӣ ба ҷуз наҳсию касофат, ғайбату туҳмат ва бадбахтию хушунат дигар коре аз дасташ намеояд.

Хулоса, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар интиҳои андешаи хеш қайд менамоем, ки ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ба Б.Тағойзода ва умуман раҳбарияту ҳаммаслакони “Гуруҳи 24” ҳаммаслаконаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд. Ба Б.Тағойзода такроран гуфтанием, ки дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузаштаасту дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо волотарин шиори тоҷикон дар масири таърих талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарину равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. Бешак, aмаҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза бурдему ва оянда низ алайҳи он муборизаи беамон хоҳем бурд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *