Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо иддаои доштани 45 ҳазор аъзо дувумин ҳизби бузурги кишвар баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба шумор мерафт ва баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳодияи мухолифони пешин дар соли 1997, расман фаъолияташро дубора оғоз бахшида буд. Додгоҳ дар оғози ҷанги шаҳрвандии 1992-1997, низ фаъолияти ин ҳизбро мамӯъ карда буд.
Зимнан, раҳбарияти ҲНИ- тамоми ин иттиҳомотро рад ва ин ҳамаро баҳонаи баста шудани ҳизб арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ кишвар ба сар мебарад ва 13 аъзои Раёсати олии ҲНИ бо иттиҳоми даст доштан дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи генерал Назарзода дастгир гардидаанд.
Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, собиқ ҳизби назҳати исломии Точикистон, ҳозира ташкилоти экстремисти-террористии ҲНИ дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис дода шуда буд. Созмони экстремистии «Ихвон-ал-муслимин» яъне бародарони мусулмон ба таври махфиёна амал мекард. Мақсади асосии ин созмон барпо намудани давлати халифат дар Тоҷикистон буд.
Муносибати њизбњои сиёсї бо дин дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мавриди таваљљўњ ќарор гирифта, танзими даќиќи худро пайдо кардааст. Муњимтарин манбаи хуќуќие, ки масъалаи мазкурро ба танзим медарорад, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мебошад.
Чуноне ки моддаи 8-уми Конститутсия низоми гуногунии аќоидатиро пешбини карда, муќаррар мекунад, ки «Мафкураи њељ як њизб иттињодияи љамъиятї, динї, њаракат ва гурўњое наметавонад ба њайси мафкураи давлатї этироф шавад. Аммо фаъолияти ЊНИ дар солњои охир нишон дод, ки дар амал мушаххас намудани марзи мафњумњои «ташкилоти динї» ва «њизби сиёсии характери динї дошта» бисёр мушкил мебошад. Зеро дар шароити дур будан аз фазои Тоҷикистон, наҳзатиён муҳоҷиронро туъмаи асосии худ қарор дода буданд. Аммо таҳлили вазъият дар соли 2018 нишон медиҳад, ки акнун ҷойгоҳи наҳзатиён дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар Россия пурра коҳиш ёфтааст. Зеро, агар дар солҳои 2015-2016 наҳзатиён тавониста бошанд, ки садҳо муҳоҷири меҳнатиро ба доми худ кашида бошанд, дар соли 2018 ин рақам ҳатто даҳҳо нафарро ташкил накардааст. Агар ба ин вазъият аз як тараф муборизаи ҷиддии мақомоти интизомии Федератсияи Россия бо боқимондаҳои наҳзатӣ сабаб шуда бошад, сабаби дигари он барои муҳоҷирони тоҷик пурра ошкор шудани моҳияти террористӣ ва зиддимиллии ҲНИ мебошад. Баръакс, соли 2018 теъдоде аз шахсиятҳои бонуфузи ҲНИ бо ҳамкории мақомоти давлатии Россия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки Эшони Қиёмиддин, Мавлавӣ Аёмиддин, Наимҷон Самиев ва ғайра дар зумраи онҳо мебошанд.
Мисоли дигаре, ки пурра аз байн рафтани таъсир ва обурӯи ҲНИ дар байни муҳоҷирони тоҷик дар кишвраҳои Аврупоиро нишон медиҳад, шикасти шармандавори ҲНИ дар татбиқи лоиҳаи ба ном «гирдиҳамоии бузурги тоҷикон дар Берлин буд». Дар ин чорабинӣ, ки 10-уми декабри соли 2018 баргузор мешуд, бо вуҷуди моҳҳо омодагӣ ва таблиғоти наҳзатиён, ҳамагӣ 35-40 нафар тоҷики муқими Аврупо, ки узви ҲНИ буда, ё аз он маош мегиранд, иштирок намуданду халос.
Мувофиқи оморҳои гуногун, имрӯз дар кишварҳои аврупоӣ ҳудуди 20 000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ ва ё таҳсил мекунанд. Танҳо тибқи номнависии СММ дар соли 2018, ҳоло дар Аврупо ҳудуди 10 000 нафар тоҷикон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Пас, иштироки ҳудуди 30-40 нафар аз онҳо дар гирдиҳамоии наҳзатӣ нишон медиҳад, ки ин ташкилот аз тарафи ҳатто 0,001% аз тоҷикони муқими кишварҳои Аврупо дастгирӣ надорад! Ҳамин тавр, нақшаи «гирдиҳамоии бузург» ба шикасти бузург ё шармандагии бузурги наҳзатиён табдил шуд. Ҳамин тавр, умеди охирини наҳзатиён, яъне муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар кишварҳои гуногун моҳияти иғвоангезу террористии ин ташкилотро дарк карда, дигар иҷозат намедиҳанд, ки ҲНИ аз номи онҳо ва аз ҳисоби онҳо холҳои муфт ба даст оварданӣ шавад. Дар расонаҳо пахш шудани изҳороти даҳҳо анҷуманҳои донишҷўён ва муҳоҷирони тоҷик дар минатқаҳои гуногуни олам, ки мазмуни онҳо безорию дурии муҳоҷирони тоҷик аз ҲНИ мебошад, худ нишондиҳандаи дигари ин воқеият аст.
Устобоева Д.М.,
муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ